Дар асоси Нақша-чорабиниҳои доимоамалкунандаи Вазорати корҳои дохилӣ ва бо мақсади ошкору пешгирӣ намудани ҳолатҳои номатлуб миёни ноболиғону ҷавонон, кормандони шуъбаи ҷавонони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони (РОПҲНҶ) ВКД дар ҳудуди шаҳри Ҳисор чорабиниҳои мақсадноки пешгирикунанда гузарониданд.
Аз ҷумла, тавре рафти ин чорабинӣ маълум сохт, новобаста ба огоҳсозию баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳанӯз ҳам ҳолатҳои дур аз мактабу хона, дар интернет-кафеҳо ва марказҳои бозиҳои компютерӣ ба ҳар гуна корҳои беҳудаву зараровар машғул гардидани ноболиғону ҷавонон ба қайд гирифта шуд.
Дар натиҷаи ин гуна чораандешӣ, аз тарафи кормандони милитсия дар интернет-кафеҳо ва марказҳои бозиҳои компютерии ҳудуди ин шаҳр 10 нафар ноболиғ ва 16 нафар ҷавонон, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар вақту соати дарсӣ ба ҳар гуна бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта машғул буданд, боздошт гардиданд.
Тавре маълум гардид, аксари онҳо бо баҳонаи ба мактаб рафтан, аз беназоративу бемасъулиятии волидон ва маъмурияти муассисаҳои таълимӣ истифода намуда, вақти худро дар марказҳои компютерӣ ба шуғлҳои беҳудаи зараровар мегузарониданд.
Мавриди зикр аст, ки чораандешии мазкур, ки пеш аз ҳама бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амалӣ карда шуд, ҳолатҳои зиёди вайрон намудани талаботи ин қонун аз тарафи волидони ноболиғонро ошкор намуд. Аз ҷумла, тавре аз рафти баргузории ин гуна чорабиниҳои мақсадноки пешгирикунанда аён гардид, ноболиғони зиёд рӯзона беназорат дар кӯчаву хиёбонҳо гаштугузор намуда, аксаран ба корҳои зараровар, хусусан ба ҳар гуна бозиҳои компютерӣ, ки боиси ҷой гирифтани рафтору кирдорҳои бадахлоқона дар зеҳну тафаккури насли наврас мегарданд, машғул мешаванд. Албатта, тавре маълум аст, дар бештари маврид маҳз беҳудагардиву дур аз назорати падару модар будани ноболиғон боиси ба ҳар гуна роҳҳои хато рафтани онҳо мегарданд.
Нисбати волидони он ноболиғону ҷавононе, ки зимни ин чорабинии мақсадноки пешгирикунанда боздошту ба шуъбаи милитсия дастрас гардиданд, мувофиқи талаботи қонунгузорӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати моликони ин гуна интернет-кафеҳо ва марказҳои бозиҳои компютерӣ, ки дидаву дониста ноболиғону ҷавонони мактабхонро дар вақту соати дарсӣ ба иншооти худ роҳ додаанд, мувофиқи моддаи 464 иловаи 1-и Кодекси мазкур чораҳои маъмурӣ андешида шуд.
Зимни суҳбат ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо волидони ноболиғони ба шуъбаи милитсия дастрасшуда, аз онҳо хоҳиш карда шуд, ки ҳама гуна рафтору ҳаракати фарзандони худро таҳти назорат қарор дода, нагузоранд, ки ягон лаҳзаи ҳаёти онҳо беҳуда сарфи корҳои зараровар шавад.
Абдулло ШОҲИЁН,
нозири калони гурӯҳи матбуотии РОПҲНҶ ВКД ҶТ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>