Новобаста аз он ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои амнияту сарҷамъӣ, баробарҳуқуқӣ ва адолати иҷтимоӣ зиндагии осоишта доранд, вале дар ҷомеа ҳастанд нафароне, ки бо бофтану паҳн намудани маълумоти бардурӯғи иғвоангез мехоҳанд оромиву осоиштагии сокинони кишварро халалдор созанд.
Шаҳрванд Маҳмурод Одинаев, соли таваллудаш 1962, зодаи деҳаи Боғаки ноҳияи Рӯдакӣ, сокини деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор аз ҷумлаи чунин нафарон аст, ки дар ҷомеа ҳамчун шахси моҷароҷӯ шинохта шудааст ва пайваста бо паҳн намудани маълумотҳои бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ мехоҳад ғаразҳои хусусию сиёсӣ худро амалӣ созад. Аз ҷумла, номбурда тариқи шабакаи интернетӣ ва расонаҳои ахборӣ хабар додааст, ки афроди ношинос шабона Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари 24-солаи ӯро латукӯб кардаанд ва ҳолати мазкурро ӯ ба фаъолияти сиёсиаш рабт додааст.
Аммо тафтишот ошкор кард, ки ҳодисаи латукӯби писари Маҳмурод Одинаев ба фаъолияти сиёсии ӯ умуман рабт надошта, балки Шайхмуслиҳиддин Ризоев дар назди тарабхонаи «Шоми Шӯроб»-и деҳаи Шӯроби ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор дар ҳолати сархушӣ ба ҷавондухтар Саидова Шаҳноза Қурбоналиева, соли таваллудаш 2002, истиқоматкунандаи ҷ/д Қаратоғи шаҳри Турсунзода дарафтода, ӯро лату кӯб намудааст. Муҳофизи тарабхона Амиршоев Эмомиддин барои халос намудани ҷавондухтар аз чанги Шайхмуслиҳиддин Ризоев талош намуда, дар натиҷа байни номбурдагон муноқиша сар мезанад ва Амиршоев Эмомиддин Шайхмуслиҳиддин Ризоевро мавриди лату кӯб қарор додааст. Мувофиқи санади судӣ-тиббӣ Шайхмуслиҳиддин Ризоев ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ ба саломатӣ бардоштааст. Шоҳидон ва гумонбари ҷиноят асли воқеаро чунин иброз доштанд:
3 нафар ҷавонзани дигар низ оиди ҳаракатҳои бадахлоқона ва дорои хусусияти шаҳвонидоштаи Шайхмуслихиддин Ризоев ба мақомот муроҷиат карданд, ки нисбати онҳо низ Шайх Муслуҳиддин кирдорҳои бадахлоқонаро раво дидааст.
Паҳн кардани овозаҳо дар шабакаҳои интернетӣ вобаста ба лату кӯбӣ писараш Ризоев Шайхмуслиҳиддин ва тобиши сиёсӣ додани ин ҳодиса, иғво ва дасисаи навбатии Одинаев Маҳмурод мебошад. Қаблан низ ӯ дар шабакаҳои интернетӣ маълумоти иғвоангез паҳн мекард. Вале нишондоди шоҳидони ҳодиса асли воқеаро ошкор кард.
Оид ба ҳолати мазкур аз тарафи Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Амиршоев Эмомиддин ва Шайхмуслиҳиддин Ризоев бо моддаи 237 қ.2 банди б-и КҶ ҶТ, яъне авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, вобаста ба кирдорҳои бадахлоқонаи Шайхмуслиҳиддин Ризоев корҳои тафтишотӣ идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>