Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани 4 нафар бар асари садамаҳои нақлиётии марговар

Рӯзи 8-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 18:10-дақиқа, ронандаи скутери тамғаи «Дайлим», Хайбаров Саидҷон Икромович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба микроавтобуси тамғаи «Мерседес-Бенс-212», таҳти идораи ронанда Раҳматов Ҷасурбек Давронқулович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, Хайбаров С.И. аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Санаи 8-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Зикриллоев Баҳром Тағойхонович, соли таваллудаш 1985, сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Норак ба тарафи шаҳри Ваҳдат дар километри 25-уми шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тайота-Прадо», таҳти идораи ронанда Маҳсиддинзода Аваз Амирхон, соли таваллудаш 1984, сокини ҷамоати деҳоти Неъматободи ноҳияи Ҳамадонӣ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Зикриллоев Б.Т. ва мусофиронаш хурдсолон: Зикриллоева Нигина Шӯҳратовна, соли таваллудаш 2018, Зикриллоев Азамат Саидҷафарович, соли таваллудаш 2016, сокинони ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика