Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати 4 нафар бар асари сарозер шудани автомашина ба чуқурии 70 метр

Рӯзи 3-юми августи соли 2020, тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Комилов Хуҷавалӣ Нуралиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Сангвор, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Сангвор ба самти шаҳри Душанбе дар 78 километрии роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ воситаи нақлиётро ба чуқурии 70-метр чаппа намудааст.
Дар натиҷа, ронанда Комилов Ҳ.Н. ва мусофирони автомашинаи мазкур Комилов Нуралӣ, соли таваллудаш 1955, Комилов Сайвалӣ Нуралиевич, соли таваллудаш 1996, Хоҷаев Наврӯз Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 2003, сокинони ноҳияи Сангвор дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари ҳамин автомашина, Хоҷаев Раҷабалӣ Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 2001 ва хурдсол Хоҷаев Муҳаммадҷон, соли таваллудаш 2013, сокинони ҳамон ҷо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоша, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика