Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Шаҳрванд Набиев Парвиз Холович, соли таваллудаш 06.09.1980, зодаи шаҳри Нораки вилояти Хатлон, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи К.Сеткина-8, хонаи 17, санаи 30 декабри соли 2019 ҳангоми ба муомилот (фурӯш) баровардани воситаҳои нашъаовари навъи “афюн” ба миқдори 1,2 килограмм дастгир карда шудааст.
Доир ба ин кирдорҳои ҷинояткоронаи Набиев П.Х. барои паҳн намудани воситаҳои нашъадор ба миқдори калон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200 қисми 3 банди “г” Кодекси чиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Бояд қайд намуд, ки шаҳрванд Набиев П.Х. қаблан 3 маротиба барои содир намудани ҷиноят аз ҷумла:
- Соли 2003 бо моддаи 118 қ.1 (аз беэҳтиётӣ расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Соли 2012 бо моддаи 200 қ.1 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Соли 2014 бо моддаи 200 қ.3 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) ва 205 қ.2 (Ташкил ё нигаҳдошти фасодхона барои истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муҳлати 9 сол маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудааст.
Суханони модари Набиев П.Х. Бибиҷон Назарова, дар сомонаҳои интернетӣ, ки гӯё писари ӯро кормандони милитсия мавриди шиканҷа қарор дода бошанд, ягон асоси қонунӣ надорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>