Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуқуқвайронкунанда Раҷабова Н.Р. ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.

725cd80f-7094-44cc-9085-41d703371f23

Шаҳрванд Раҷабова Нилуфар Раҳматуллоевна соли таваллудаш 7 ноябри соли 1990 сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Ф. Аттор хонаи 50, санаи 14 декабри соли равон тахминан соати 11-30 дақиқа дар кӯчаи Карамоваи шаҳри Душанбе ба шаҳрванд Абдуллоева Р.Х. суханони кабеҳи таққиромез зада, ҳуқуқвайронкунии дар моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст ва шаҳрванд Абдуллоева Р.Х маҷбур шудааст оиди ҳолати мазкур ба кормандони милитсия дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат намояд.

Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино оид ба ҳолати мазкур маводҳои заруриро омода намуда, барои моҳиятан дида баромадан ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол намуданд.
18 декабри соли 2019 суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаҳрванд Раҷабова Н.Р.-ро бо моддаи 460 КҲМ ҶТ гунаҳгор дониста нисбаташ ҷарима ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 550 сомонӣ таъин намуд. Раҷабова Н.Р. ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, маблағи номбурдаро ихтиёран супорид.
Бояд кайд намуд, ки падари Раҷабова Нилуфар шаҳрванд Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб 1958 соли таваллуд барои содир намудани ҷиноятҳои моддаҳои 179 қисми 3 (терроризм), 187 қисми 1 (ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 189 (барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ) ва 313 (исёни мусаллаҳона) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, ба мӯҳлати 28 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. Ҳамчунин бародараш Шуҳрати Раҳматулло 1982 соли таваллуд барои содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 187 қисми 2 (ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 189 қисми 3 (барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ) ва 307 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти ифротгароӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика