Шаби 06 ноябри соли 2019 соати 03.23 дақиқа гурӯҳи мусалаҳи номаълуми ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди «Султонобод» ҳуҷум карданд. Зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишони (АКМ)-ро тасарруф намуданд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои муташаккилона 1 нафар хизматчии Қушунҳои сарҳадӣ ва 1 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳалокат расид.
Айни замон дар ҷойи ҳодиса, гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, амалиёт ҷиҳати муайян намудани алоқаҳои гурӯҳи ҷинояткор идома дорад.
Вазорати корҳои дохилӣ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>