Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия – ҳуҷҷати муттаҳидсоз ва тақдирсози миллат

560

Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти ҳисси ватандӯстию худогоҳии миллии кормандон, фаҳмонида додани моҳият ва аҳамияти ин санади тақдирсоз, инчунин таҳкими садоқат ба Ватан, сохти конститутсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, дониши ҳуқуқию фарҳангии онҳо рӯзи 5-уми октябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Раёсати мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсии Раёсат ва ҷавонони фаъоли кишвар бо иштироки сардори Раёсати мазкур, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед ва сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Бухоризода Мансур чорабинии идона ташкил ва баргузор карда шуд.

561

Чорабинии мазкур бо зинда хондани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сараввал Ҳафиззода Ш.Х. бо маърӯза баромад кард.

Мавсуф дар баромади худ иброз дошт, ки дар таърихи ҳар халқу миллат ҳодисаю воқеаҳое рух медиҳанд, ки миллатро аз пошхӯриву парокандагӣ ва нобудшавӣ нигоҳ медоранд. Рӯйдоди воқеан сарнавишсози дигаре, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз парокандагию нобудшавӣ нигоҳ дошт 6 ноябри соли 1994 ба вуқӯъ омад, ки ин дар раъйпурсии умумихалқӣ бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардум қабул гардидани Конститутсия мебошад.
Қабули ин Конститутсияро халқи мо бо ифтихор ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсози миллат, санади ҳуқуқии эътибори олии қонунидошта ва созишномаи оштӣ пазируфтаанд. Чунки он инъикосу ифодакунандаи хоҳишу иродаи ҳамаи аъзои ҷомеа, гурӯҳ, ҷараён, ҳизб ва ҷунбишҳои солҳои 1992-1997 буда, тамоми аҳолии мамлакатро ба сулҳу ваҳдат, осоиш, якдигарфаҳмӣ, иттиҳоду иттифоқ, дӯстию бародарӣ ва сарҷамъӣ ҳидоят намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардидаст. Ворид гардидан ба ин марҳилаи нави таърихӣ дар назди роҳбарияти давлату миллати тоҷик ва тамоми сокинони ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон иҷрои вазифаи пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфитаҳои халқу кишвар ва рукнҳои давлатдории муосирро пеш гузошт. Яке аз вазифаҳои муҳим дар ин самт ба вуҷуд овардани фазои мусоид барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мебошад. Бо ин мақсад, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафҳои стратегии кишвар муайян карда шудааст.
Расидан ва амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мазкур аз ҳар як корманди мақомоти давлатӣ ва ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дошта, амалишавии онҳо заминаи ба даст овардани дастовардҳои бузург ва ноил гаштан ба орзуву ормони деринаи миллати тоҷик мебошад.
Ҳамзамон мавсуф дар маърӯзаи худ оид ба нақши Асосгузори сулҳу ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкили раванди таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлатдории миллӣ ва дастовардхои беназири давраи истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон роҳи рушди худро бо эҳтироми бузург ба арзишҳои тамаддуни пешрафтаи инсоният ба сӯйи оянда, ба хотири бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ интихоб кард.

562

563564

Дар моддаи аввали Конститутсия сабт шудааст, ки Тоҷикистон тарафдору бунёдгари давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаю иҷтимоӣ мебошад. Ин мақсаду маром ва ҳадафи таърихии халқамонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин арзёбӣ намудаанд: «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Ормони мо давлатест, ки ҳуқуқи ҳама ашхос, тамоми табақаҳои иҷтимоӣ, қавму миллатҳоро ҳифз менамояд, озодӣ ва амнияти онҳоро таъмин месозад, ҳукми қонунро дар ҷомеа қатъиян ва пайгирона ҷорӣ мекунад, ба фаъолияти озоди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва миллӣ мусоидат мекунад».
Зимни чорабинии мазкур аз ҷониби сардори РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Ҳафиззода Ш.Х. вобаста ба сиёсатии давлатии ҷавонон ва нақши онҳо дар ҷомеа, омилҳои нооромсозандаи вазъ дар ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, нашъамандӣ ва бемориҳои сирояткунандаи вируси норасоии масъунияти одам ва оқибатҳои даҳшатноки онҳо, мақсад ва ҳадафҳои ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ, сабаб ва роҳҳои ҷалбшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ суханронии пурмуҳтаво карда шуд.
Ҳамзамон, аз ҷамъомадагон даъват ба амал оварда шуд, ки вобаста ба муътадил бо ҳуввияти баланди миллӣ ва ватандустиву садоқатмандӣ ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои муҳими сиёсии тақдирсоз – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2020 баргузор мегардад, аз ҳамин лаҳза ҳушёрии сиёсии худро аз даст надода, аз ҳар гуна корҳои ташвиқотии қувваҳои зиддиконститутсионӣ худ ва хешу пайвандонашонро эмин нигоҳ доранд.
Баъд аз маърузаи пурмуҳтавои Ҳафиззода Шодӣ Хуршед, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Бухоризода Мансур низ вобаста ба аҳамият ва моҳияти Конститутсия сухан карданд. Мавсуф дар маърӯзаи худ қайд намуд, ки эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи мамлакат вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамида, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Қонуни асосии кишварро воқеан дар ҳаёт амалӣ намоем.
Дар чорабинии мазкур як зумра ҷавонони фаъоли кишвар бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, дар васфи Ватан ва ватандорӣ, Пешвои миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва Конститутсия шеърҳо қироат намуданд.
Баъд аз анҷоми маърӯзаҳо байни роҳбарияти Раёсат ва ҷавонони фаъол як суҳбати озоду мубоҳисавӣ вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ баргузор гардид.

565

Дар фарҷоми чорабинии мазкур, аз ҷониби роҳбарияти РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муносибати софдилона дар иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, гузоштани саҳми беандоза дар пешрафти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ташвиқу тарғиби ҷавонон дар руҳияи ватандустӣ, баланд бардоштани худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ дар самти пешгирӣ ва барҳамзании ҷинояткорӣ, алалхусус ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта зиёда аз 60 нафар ҷавонони фаъол бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипосномаҳо, телефонҳои мобилии сенсорӣ, портфел, соатҳои дастӣ, курта, галстук ва дигар туҳфаҳои қиматнок ҳавасманд ва мукофотинида шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки чунин чорабинӣ дар шуъбаҳои минтақавии РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Мухтори Куҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон ва дар гуруҳи ноҳияҳои Ҳисору Ваҳдат баргузор гардиданд.

Юсуфзода Акмал Ҳотам, ёвари сардори РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия.

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика