Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раддия ба тӯҳмату буҳтон нисбати кормандони милитсия

Дар сомонаи isloh.net таҳти сарлавҳаи «Таҷовуз ба номуси ноболиғ аз тарафи муовини ШКД н.Лахш» хабаре нашр шудааст, ки гӯё муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Лахш Маҳмадуллозода Акбар ба номуси Назарова Садоқат Нусратуллоевна, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи мазкур таҷовуз карда бошад ва падари Назарова С., Шарипов Нусратулло Наимович ба сомонаи мазкур муроҷиат намуда, дар ин бора шикоят намудааст.

Бояд тазаккур дод, ки ин иддао комилан дурӯғ буда, сомонаи isloh.net бе ягон далел ба муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Лахш Маҳмадуллозода Акбар тӯҳмат намудааст.
Рӯзи 26-уми марти соли 2019 Шарипов Нусратулло Наимович, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Лахш, оиладор, соҳиби 8 фарзанд, мудири хонаи Маданияти ҷамоати деҳоти ноҳияи Лахш, маъюби гурӯҳи дуюм, ба мақомоти корҳои дохилӣ бо ариза муроҷиат намуд, ки суханоне, ки дар хабаргузории isloh.net аз номи ӯ нашр шудаанд, сар то по дуруғу буҳтон буда, ӯ ба ин сомона ҳаргиз нома нанавиштааст ва тарзи ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамос шуданро ҳам намедонад.
Шарипов Н.Н. дар аризааш дарҷ намудааст, ки сардори Раёсати таҳқиқи ВКД генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоилро намешиносад ва суханоне, ки дар хабари мазкур нашр шудаанд, тӯҳмату бӯҳтон буда, ҳамчунин нисбати муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Лахш Маҳмадуллозода Акбар низ ягон даъво надорад. Ӯ қайд кардааст, ки «ман дар ҳайратам, ки чи гуна аз номи як шаҳрванд шахси дигар ғайриқонунӣ хабарҳои бардурӯғро ба ахбори омма мерасонад».
Дар аризаи худ Шарипов Н.Н. дарҷ намудааст, ки баъзе ашхос аз ҳолати бемории ӯ истифода бурда, ӯро фиреб дода, барои шикоят кардан ба мақомотҳои дахлдор талқин менамуданд.
Аз ҷониби як қатор мақомотҳои дахлдор, аз он ҷумла Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Прокуратураи ноҳияи Лахш аризаҳои Шарипов Н.Н. санҷида шуда, бинобар надоштани асоси воқеӣ тасдиқи худро наёфтанд.
Оилаи Шарипов Н.Н. носолим ва фарзандонаш душвортарбия буда, духтараш Назарова Садоқат аз хонаашон доим фирор мекардааст.
Чунончи, санаи 12 августи соли 2017 дар асоси аризаи хаттии Шарипов Н.Н. оид ба беному нишон ғайб задани фарзанди ноболиғаш Назарова Садоқат Нусратуллоевна, аз тарафи Шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар ноҳияи Лахш таҳти №807 парвандаи ҷустуҷӯӣ оғоз гардида, пас аз гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғ Назарова С.Н. аз ҷониби кормандони оперативии ШВКД ноҳияи мазкур дар ҳудуди шаҳри Душанбе муайян ва дастгир гардида, ба волидайнаш супорида шудааст.
Пеш аз супоридани ноболиғ Назарова С.Н. ба волидайнаш номбурда аз муоинаи тиббии беморхонаи марказии ноҳияи Лахш гузаронида шуда, дар хусуси осеб надидани пардаи бакораташ маълумотнома ба волидайнаш пешниҳод карда шудааст.
Ба замми ин аввалҳои моҳи апрели соли 2018 дар асоси аризаи хаттии Шарипов Н.Н. ба унвони сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт оид ба бедарак ғайб задани духтари ноболиғаш Назарова С.Н. аз ҷониби ШКҶ РВКД-и мазкур парвандаи ҷустуҷӯӣ оғоз гардида, худи ҳамон моҳ аз ҷониби кормандони фаврии Раёсати зикргардида ноболиғ Назарова С.Н. дар ҳудуди шаҳри Душанбе муайян ва дастгир гардида, ба волидайнаш супорида шудааст.
Моҳи ноябри соли 2017 дар асоси аризаи Шарипов Н.Н. ба унвони Раиси ноҳияи Лахш дар хусуси дар мактаб-интернат ҷойгир намудани духтараш Садоқат ва таъсис додани гурӯҳи корӣ бо иштироки худи Шарипов Н.Н. номбурда дар мактаб-интернати деҳаи Навободи ноҳияи Рашт ҷойгир карда шудааст, вале бо гузашти 5-6 рӯз аз ҷониби роҳбарияти мактаб-интернати мазкур бо сабаби бадрафторӣ ва душвортарбия будани ӯ ба волидайнаш бозпас гардонида шудааст.
Мавриди қайд аст, ки Назарова Садоқат айни замон низ аз хона фирор карда, бедарак мебошад ва шаҳрванд Шарипов Н.Н. бинобар сабаби аз ӯҳдаи тарбияи духтари худ набаромадан аз мақомоти корҳои дохилӣ хоҳиш намуд, ки ӯро пайдо намуда, ба роҳи рост ҳидоят намоянд.
Дар хотима ба дастандаркорони сомонаи isloh.net гуфтанием, ки ҳеч корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз таҳдиду бӯҳтони шумо наметарсад ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба дурӯғу сафсата ва ҳарзаҳои бемаънии шумо бовар ҳам намекунад!
Шумо агар аз оини ҷавонмардӣ ва нангу номус бархурдор мебудед, ному насаби духтарро махфӣ медоштед ва аз номи падари маъюби ӯ истифода намекардед!

200204




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика