Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нисбати Ашуров Алиҷон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст

Дар расонаҳои иҷтимоии интернетӣ хабаре паҳн гаштааст, ки гӯё аз ҷониби кормандони ВКД шаҳрванд Ашуров Алиҷон Нуруллоевич, сокини ноҳияи Рӯдакӣ лату кӯб шуда бошад, вале ин хабар ба ҳақиқат наздикӣ надорад. 

Рӯзи 4-уми январи соли 2019 аз тарафи Ситоди ягонаи ҷумҳуриявии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Ашуров Алиҷон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 401 иловаи 1, (ҷалби шаҳрвандони ҶТ ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо) 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 179 иловаи 2 қисми 2, банди “а” (маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Ашуров Алиҷон санаи 4-уми январи соли 2019 ва 7-уми январи соли 2019 аз муоинаи тиббӣ-судӣ, ки онро эксперти тиббӣ-судии собиқаи кории зиёда аз 40-сола дорад, гузаронида дар бадани ӯ ягон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дида нашудааст.
Ҳамзамон санаи 4-уми январи соли 2019 дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббӣ Ашуров Алиҷон аз шаҳодатгардонии тиббии дастгиршудагон гузаронида шуда, дар бадани номбурда ягон ҷароҳати ҷисмонӣ ё ин ки осеби гирифташуда дар баданаш дида нашудааст.
Ҳамаи ин муоинаҳои тиббӣ, дар санад ва протоколи муоинаи тиббӣ, ки аз тарафи эксперти тиббӣ-судӣ ва табиби муоинакунанда тартиб дода мешавад, дарҷ карда шудааст.
Оид ба ҳолате, ки нисбати дастгиршуда Ашуров Алиҷон гӯё аз тарафи мақомоти таҳқиқ ва тафтишот шиканҷа раво дида шудааст, дар рафти санҷиши маводҳо аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи худро наёфт.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика