21.03.с.2019 дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе паҳн шуд, ки дар он бозраси хадамоти роҳбонии Воҳиди махсуси ВКД ҶТ старшинаи милитсия (Сатторов Сафарбек Махмадсаидович-насаби қаблиаш) Маҳмасаидзода Сафарбек Маҳмасаид бо шаҳрванд Шамсова Мадина Муқимҷоновна соли таваллудаш 1986 пеш барои содир намудани ҷиноятӣ дуздӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шудааст, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда ба мардуми роҳгузар дарафтода буд, баҳсу мунозира намуда, ҳангоми пеши роҳи ҳуқуқвайронкунии Шамсова М-ро гирифтан бо номбурда дағалона рафтор намуда худ ба қонуншиканӣ яъне вайрон намудани талаботҳои фармонҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ додааст, бо фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон старшинаи милитсия Маҳмасаидзода Сафарбек Маҳмасаид аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуд.
Ҳамзамон дар асоси ин фармоиш роҳбарияти Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дуруст ба роҳ нагузоштани корҳои интизоми-тарбиявӣ дар байни ҳайати шахсӣ ба ҷазоҳои гуногуни интизомӣ кашида шуданд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>