Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ховалинг

1401

3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот, шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ховалинг ва рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар маркази ноҳия бо роҳбарону фаъолон мулоқоти самимӣ доир карданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони меҳмоннавоз ва заҳматдӯсти ноҳияи Ховалингро бо ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон - санаи барои ҳар як фарди ватандӯст азизу муқаддас, табрику таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки дар давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ бо талошҳои мардуми ноҳия ва пуштибонии амиқи онҳо аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар симои ноҳияи Ховалинг куллан тағйир ёфта, ҳоло ба шаҳрчаи зебое табдил ёфтааст.

Зимни таҳлили соҳаҳои иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, таъкид шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва солимии аҳолӣ хеле корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Шумораи муассисаҳои таълимӣ имрӯз ба 52 расида, дар давоми сӣ соли охир бо ҷалби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 35 муассисаи таълимии нав бо 5425 ҷойи нишаст бунёду азнавсозӣ гардида, ба истифода дода шудааст. Ҳоло, илова бар ин, дар ноҳия як гимназияи давлатӣ, як литсей-интернат дар деҳоти Шугнов, 2 кӯдакистон ва дар назди шуъбаи маориф якчанд маркази рушди истеъдодҳо, омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ ва таҳсилоти иловагӣ фаъолият доранд.

Дар аксари маҳаллаҳои аҳолинишин марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ бунёд гардида, қисме аз онҳо, ки дар хонаҳои шахсӣ ва биноҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта фаъолият мекарданд, пурра ба биноҳои нав кӯчонида шуданд.

Дар ноҳия, инчунин, 26 муассисаи фарҳангӣ, клубу китобхонаҳо ва қасри фарҳанг, ки соли 2013 ба истифода дода шуд, ба мардуми ноҳия хизмат мерасонад.

Қобили зикр аст, ки дар ноҳияи Ховалинг кишоварзӣ ҳамчун соҳаи асосии пешбарандаи ҳаёти сокинон ба туфайли истифодаи самараноку оқилонаи замин, бунёди боғҳои нав, афзоиши ҳосили меваю сабзавот, рушди чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ сол ба сол тараққӣ карда истодааст.

Тибқи маълумот содироти меваи ноҳия ба хориҷи кишвар мунтазам афзуда, кишоварзон аз ин ҳисоб даромади хуб ба даст оварда истодаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ ба соҳибкорони бонангу номус ва дигар шахсони саховатпеша барои иқдомоти ватандӯстонаву ободгарона сипосу миннатдорӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон таъкид доштанд, ки мардуми ноҳия ва соҳибкорони ватандӯст ба шукронаи давлати соҳибистиқлоли худ ва фазои орому осудаи Ватан ҷиҳати боз ҳам ободу пешрафта гардонидани диёри хеш ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум саъю талоши бештар мекунанд.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ сокинони ноҳия Моҳзода Мирзоева – табиб, Эркамо Каримова – собиқадор, хонандагон Зуҳро Иброҳимова ва Мунисаи Ҳамзалӣ баромад карда, ба роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзун изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

http://www.president.tj/node/26822




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика