Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ

57715 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ мулоқот карданд.

Дар мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории бисёрсоҳаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯй сурат гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо иштироки фаъоли сарони давлатҳои аъзо баҳри тавсеаи ҳамкории кишварҳои минтақа дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ заминаи мусоидро фароҳам меорад.

Ҷонибҳо ба масъалаи рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, густариши робитаҳо дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, илму техника, фарҳанг ва соҳаҳои инфрасохторию коммуникатсионӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунию минбаъдаи Афғонистон ва дигар мавзуъҳои минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика