Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

56614 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ маҷмуъи васеи муносиботи дӯстию бародарӣ, ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқоти навбатӣ дар ҳошияи чорабинии сатҳи байналмилалӣ изҳори хушнудӣ карда, меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот дар бораи мавқеи ягонаву устувори давлатҳо ва мардумони ду кишвар барои идомаи рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки бо истифода аз боварию эътимоди байниҳамдигарӣ барои ноил гардидан ба татбиқи тавофуқоти пешин талош хоҳанд кард.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, инчунин дигар ҷанбаҳои ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судманд, муҳокима гардид.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ҳалли мушкилоти сиёсии Афғонистон, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо, аз қабили терроризм, экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъовар ва дигар зуҳуроти хатарбор дар маркази таваҷҷуҳи сарони давлатҳо карор гирифт.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика