Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

56514 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қосим-Жомарт Токаевро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ табрику таҳният гуфта, изҳори итминон карданд, ки бо талошҳои муштарак мо дар оянда низ рушду таҳкими муносибатҳои шарикии стратегиро идома медиҳем.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, обӣ-энергетикӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва дигар соҳаҳои барои кишварҳо судоварро муҳокима карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин мавзуъи ҳамкории муштарак дар самти мубориза бо терроризми байналхалқӣ, экстремизм, радикализми динӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, ҳалли вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистони ҳамсоя, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории кишварҳо дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз қабили СММ, СААД, САҲА, ИДМ, СҲШ ва Машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар Осиё изҳори қаноатмандӣ карданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика