Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ

56414 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, баррасӣ карда шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳайси кишвари бародар ва ҳаммарз ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Мо бар онем, ки таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми кишвари ба мо дӯсту ҳамҷавори Афғонистон, қабл аз ҳама, дар доираи манфиатҳои милливу давлатии он сурат гирад, - изҳор дошт Сарвари давлат.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои рушди бахши тиҷорат, сармоягузории мутақобила, истифодаи васеи имкониятҳои транзитии Афғонистон, ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, инфрасохтор, соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳунар, тандурустӣ, иттилоотро баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ метавонад барои расидан ба ҳадафҳои судманди ду кишвар нақши муҳим бозад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаи ҳамкорӣ дар бахши амният дар марзи давлатии ду кишвар, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ҳамчун омили муҳими таъмини амну субот дар минтақа мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика