Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай

561

14 июн дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.

Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нахуст дар ҳайати маҳдуд бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Россия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон ҷараён гирифт.

562Дар ҷаласа ҳолат ва дурнамои рушди СҲШ, вазифаҳои аввалиндараҷаи таҳкиму таъмиқи ҳамгироӣ дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, амният дар ҷаҳорчуби созмон дар шароити муосир, вазъ дар минтақа, инчунин дигар мавзуъҳои мубрами дорои аҳамияти минтақавию ҷаҳонӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи ҳайати васеъ сарони давлатҳою ҳукуматҳои нозир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Белорус, Муғулистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, дабирони кулли ва намояндагони СММ, СҲШ, раёсати СААД, ИДМ, инчунин намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нахуст ба ҷониби Қирғизистон ва Сооронбой Жээнбеков барои созмондиҳии шоистаи ин ҳамоиш ва меҳмоннавозӣ арзи қадрдонӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъ дар Афғонистон, афзоиши хатарҳо дар минтақа, зарурати муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм ва паҳншавии идеологияи ҷинояткоронаи он сузхан карданд.

Барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар қаламрави СҲШ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки масъалаи омӯзиши таъсиси Бонки СҲШ, Фонди рушди СҲШ, инчунин истифодаи имкониятҳои сармоягузории инфрасохтории Бонки Осиё, Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ барои маблағгузории лоиҳаҳои муштарак тезонда шавад.

Зимни суханронӣ дар кори ҷаласа Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таваҷҷуҳи сарони давлатҳоро ба густариши ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, таҳия ва маблағгузории лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, ҷалб карданд.

563

Пас аз анҷоми суханрониҳо аз ҷониби сарони давлатҳои аъзо Эъломияи Бишкек қабул гардида, дар маҷмуъ 8 санад, аз ҷумла Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар бахши ВАО, Созишнома байни сохторҳои давлатҳои аъзои СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар бахши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва Нақшаи тадбирҳои асосӣ оид ба рушди ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2019-2021, имзо карда шуд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика