Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

117Ҳамватанони азиз!

Субҳи панҷуми моҳи июн иди саиди Фитр фаро мерасад.

Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди кишвар хушбахтиву некрӯзӣ, рӯзгори осуда ва файзу баракат орзу менамоям.

Хурду бузурги кишвари мо шукрона мекунанд, ки ҷашну идҳои милливу давлатӣ ва анъанаву ойинҳои аҷдодии худро дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигар­фаҳ­мӣ ва арҷгузорӣ ба суннату арзишҳои фарҳанги миллиамон истиқбол мегиранд.

Сарчашмаи ҳамаи дастоварду падидаҳои неки қариб се даҳсолаи охир истиқлолияту озодии Тоҷикистони азизамон мебошад.

Аз ин хотир, расидан ба қадри истиқлолияту озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои он, саъю талош барои пешрафту ободии Ватан, таъмини рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон қарзи имонӣ ва вазифаи инсонии ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Яъне мо бояд тамоми нерӯи худро ба ҳамин самт равона карда, наслҳои наврас ва ҷавононро, ки созандагону соҳибони ояндаи Тоҷикис­тон мебошанд, дар рӯҳияи ваҳдату ягонагӣ, худшиносиву ифтихори миллӣ, пос доштани муқаддасоти Ватан ва эҳтиром гузоштан ба суннату ойинҳои миллати куҳанбунёдамон тарбия кунем.

Боиси хушҳолист, ки солҳои охир бисёр шаҳрвандони соҳибҳиммати мо тибқи суннатҳои инсонпарваронаи халқамон ба оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва хонаҳои кӯдакону пиронсолон кумак мерасонанд ва дар ҷабҳаи ободониву созандагии шаҳру деҳоти кишварамон низ саҳми арзанда мегузоранд.

Ман ба ҳамаи онҳое, ки дар ин моҳи муборак амалҳои хайру савобро анҷом додаанд, изҳори сипос менамоям ва бовар дорам, ки минбаъд сафи чунин шахсони саховатпешаву савобҷӯй боз ҳам бештар мешавад.

Ҳар амали хайр ва навозишу дастгирии ятимону маъюбон ва муҳтоҷону ниёзмандон дар фарҳанги мусулмонӣ аз ҷумлаи амалҳои писандидатарин ба ҳисоб меравад.

Моҳияти инсондӯстӣ ва таҳаммулгароии дини мубини ислом низ маҳз дар анҷом додани амалҳои нек ва корҳои хайру савоб инъикос меёбад ва чунин аъмоли писандида ба таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва тақвияти робитаҳо миёни сокинони мамлакат мусоидат менамояд.

Ҳанӯз дар марҳалаҳои аввали густариши ислом фарзандони донишманду фарзонаи халқи соҳибтамаддуни тоҷик, ба монанди Имоми Аъзам Абӯҳанифа ва Имом Бухорӣ дар тафсиру таблиғи андешаҳои инсонпарварона, омӯзиши илму маъри­фат­ ва одобу фарҳанг нақши барҷаста бозидаанд.

Воқеан, равшан нигоҳ доштани чароғи маърифат, раҳнамоии наслҳо ба азхудкунии илму дониш ва касбу ҳунар яке аз самтҳои муҳимтарини таълимоти ниёгони соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.

Маҳз бо ҳамин сабаб, дар замони Сомониён фаризаҳои динӣ, аз ҷумла суннатҳои моҳи шарифи Рамазон хусусияти миллӣ пайдо кардаанд.

Ва дар асрҳои баъдӣ омӯзиши донишҳои дунявӣ баробари улуми динӣ ба ҳукми анъана даромада, аз миёни намояндагони ниёгони мо нобиғаҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ ба камол расидаанд.

Яъне дар ниҳоди тоҷикон ҷустуҷӯи илм ва ба ин васила таъмин намудани рӯзгор сиришти қадимӣ доштааст.

Маҷрои тезутунди пешрафти асри нав ва рушди илму технологияҳо моро водор месозад, ки барои боз ҳам таҳким бахшидани истиқлолият ва таъмин намудани рушди иқтисоди миллӣ аз навгониҳои илму дониш, тафаккури пешрафта, дастовардҳои навтарини илму техника ва имкониятҳои торафт афзояндаи соҳаи иттилооту коммуникатсия ҳарчи бештар истифода намоем.

Зеро бидуни маърифати баланди сиёсиву иқтисодӣ, ҷаҳонбинии муосир, тафаккури навтарини техникиву технологӣ, малакаи баланди касбӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ бо раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва илму техникаи пешрафта баробар қадам гузоштан мушкил мебошад.

Бинобар ин, вазифаи имониву инсонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва мусулмони равшанфикр имрӯз ва ҳамеша аз он иборат аст, ки баробари адои рисолати динӣ қарзи муқаддаси шаҳрвандиашро низ ба ҷо орад ва ҳамаи кӯшишу талоши худро ба сӯи оромиву ободии Ватан, пешрафти давлат, ҳифзи истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ки бузургтарин дастовардҳои мо мебошанд, равона созад.

Дар ин бобат мехоҳам як ҳадиси пайғамбари исломро хотиррасон намоям, ки чунин аст: - "Ҳеҷ гоҳ аз корҳои нек дурӣ наҷӯед. Ба ободӣ ва ислоҳи дунё кӯшишу ғайрат намоед".

Рӯйдоду равандҳое, ки солҳои охир дар миқёси сайёра идома доранд, мову шуморо водор месо­занд, ки зиракии сиёсӣ, нангу номуси миллӣ, ҳисси баланди ватандӯс­ти­ву ватанпарастӣ ва худшиносиву ифтихори милли­ро ҳаргиз аз даст надиҳем.

Дар баробари ин, нагузорем, ки ғояҳои зӯроварӣ, ақида­ҳои ифротӣ, ҷудоиандозиву нифоқангезӣ, дар кадом шакле набошад, зинда­гии орому босуботи мардуми моро халалдор созанд.

Эътиқоду эътимод ва имону иродаи инсонҳои худоҷӯйро бояд ба роҳи ободиву созан­дагӣ ҳидоят кард, на барои ангехтани нифоқу кина ва анҷом додани амалҳои зишту номуносиб.

Ҳамватанони гиромӣ!

Фарорасии иди Фитрро мову шумо бо оростани дастурхони идона, вале бо риояи қоидаҳои сариштакорӣ ва парҳез аз исрофкорӣ, бо қалби поку ниятҳои нек интизор мешавем, ба аёдати падару модарон ва калонсолон меравем, ба арвоҳи гузаштагонамон аз оятҳои каломи раббонӣ тиловат мекунем, ба азодорон таскин медиҳем ва қарзи имониву виҷдонии худро адо менамоем.

Бузургтарин савоб дар ин рӯзҳо хайру саховат кардан ба эҳтиёҷмандону дармондагон, оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва хабар гирифтан аз ҳоли онҳо мебошад, зеро ба таъбири бузургони халқамон аҷру подоши он аз фазила­ти ҳаҷҷи акбар ҳам зиёд мебошад.

Аз ин рӯ, хайру саховат ва меҳрубонӣ кар­­дан ба ятимону маъюбон ва ниёзмандону камбизоатҳо, ки дар рӯзҳои ид чашми умед ба сӯи мо дӯх­та­анд, қарзи инсонӣ ва мусулмонии ҳар фарди худоҷӯй ва инсондӯст аст.

Бори дигар иди саиди Фитрро ба тамоми мардуми кишварамон табрик гуфта, барояшон саломатӣ, бахту саодат ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак бошад, ҳамватанони арҷманд!




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика