Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи боғи фарҳангию фароғатӣ ва ҳавзи моҳипарварӣ дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара

551Дар деҳаи Пушинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатӣ ва ҳавзи моҳипарвариро ифтитоҳ карданд.

Макони дигари сайру гашти сокинони деҳаи Пушинг Боғи фарҳангию фароғатӣ ё тамошогоҳ ва ҳавзи калон мебошад, ки ба ифтихори ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат оид ба ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ, аз ҷумла Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об - барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, бо иқдоми дастаҷамъонаи мардум ва соҳибкорон дар давоми 1 сол азнавсозӣ шуд.

Масоҳати умумии тамошогоҳ 6 гектарро ташкил медиҳад.

Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он 10 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар ҳудуди мавзеи сайру гашти сокинон аз тарафи коргарон 2,5 ҳазор дарахтони гуногуни ороишию сояафкан шинонида шуд.

Барои мусоидат ба истироҳату фароғати мардум дар тамошогоҳи назди ҳавз 4 суҳбаткада, 4 кат ва 30 курсӣ гузошта шудааст.

Аз ду тарафи роҳравҳои ин мавзеи хушбоду ҳаво лавҳаҳои шеъру андарзҳои бузургон, шиору навиштаҷоти пур аз панди рӯзгор аз классикони тоҷик ҷамъоварӣ гардидааст, ки барои тарбияи насли ҷавон бисёр бамаврид мебошад.

Қаҳрамонони афсонавии бо оҳану чубҳо сохташуда бо ороиши гуногун диққати кӯдакону наврасонро ба худ ҷалб мекунад.

Дар ҳавз моҳии навъҳои сазан, амури сафед, карп ва пешонапаҳн парвариш карда мешаванд, ки дар як сол теъдоди моҳӣ ба садҳо ҳазор расидааст.

Дар дохили ҳавз 4 қаиқи гуногунҳачм дар хизмати истироҳаткунандагон гузошта шудааст.

Дар ин ҷо барои дӯстдорони варзиш имкониятҳои мусоиди давидан ва обу тоби бадан муҳайё гардидааст. 1 километр роҳи атрофи ҳавз барои давидан мутобиқ карда шуда, дигар лавозимоти варзишӣ барои варзишгарон насб шудааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика