Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Боғи Парчам, Нишон ва варзишгоҳ бо растаи ҳунармандон ва мулоқот бо сокинони деҳаи Пушинг

548Дар як мавзеи хушбоду ҳавои деҳаи Пушинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо сокинону фаъолони деҳа мулоқоти самимӣ доир карданд.

Яке аз иншоотҳои арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сокинони деҳаи Пушинг бунёд кардаанд - Маҷмааи калони майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бо варзишгоҳ ва растаи ҳунармандон мебошад.

Дар ҳудуди майдони Парчам ва Нишон, ки 2,5 гектарро ташкил медиҳад, гулгашт, боғи фароғатӣ, варзишгоҳ бо 2500 ҷойи нишаст, дӯконҳо дар растаи ҳунармандон бунёд шудаанд.

Баландии пояи Парчам 25 метрро ташкил дода, андозаи матои он бараш 5 метр ва дарозиаш 10 метр мебошад.

Баландии пояи Нишони давлатӣ 17 метр аст.

Барои сайру гашти мардум 20 адад сутуни чароғ гирдо гирди майдон насб карда шудааст, инчунин дар ин ҷо барои ороиш ва хушбоду ҳаво гардонидани мавзеъ 1000 дона ниҳолҳои гуногуни ороишӣ ва сояафкан шинонидаанд.

Варзишгоҳ, ки дар ҳудуди боғи Парчам ва нишон сохта шудааст, барои 2500 ҷойи нишаст мебошад. Акнун имкон аст, ки дар ин майдон сокинон бозиҳои гуногун ва барномаҳои бошукӯҳи идона доир намоянд.

Барои истифодаи пурсамари ҳар як ваҷаб замини боғи Парчам ва Нишони давлатӣ дар зери нишастгоҳҳои варзишгоҳ 18 дӯкони ҳунармандон дар растаи ҳунарҳои мардумӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ҳамаи дӯконҳо ба ҳунармандони деҳаи Пушинг ройгон пешкаш карда шудааст, то ин ки устоҳои чӯбу оҳан, дӯзандаҳои моҳир дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз он ба таври самаранок истифода бурда, сатҳи зиндагии худро беҳтар намоянд.

Дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аҳли ҳунар аз имтиёзҳои Сарвари давлат, ба монанди аз андоз озод шудан ва ғайра бархурдоранд. Ройгон пешкаш кардани дуконҳо ба ҳунармандони деҳа аз ғамхории навбатии Ҳукумати мамлакат нисбат ба сокинони деҳоти Пушинг мебошад.

Дар вақти сохтмони Боғи Парчам ва Нишони давлатӣ зиёда аз 100 нафар сохтмончӣ бо кори муваққатӣ таъмин шуданд. Баъди ба истифода додани иншоот бошад, 30 кас ба кори доимӣ ҷалб гардид.

4 ҳайкали шер рамзи тавоноии миллати тамаддунофари тоҷик дар назди парчаму нишон ва 1000 метри мураббаъ роҳи сафолакпӯш аз ороишоти дигари боғ мебошад.

Майдони Парчам ва Нишон макони дилфиребу мусоиди сайру тамошои сокинони деҳаи Пушинг ва меҳмонон гардид. Акнун мардум метавонанд ба таври васеъ аз имконоти истироҳатию фароғатии он самаранок истифода баранд.

Мавриди зикр аст, ки бунёди Парчам ва Нишон дар саросари мамлакат нишонаи олии қадршиносии миллати тоҷик аз арзиш ва муқаддасоти миллӣ мебошад.

Баъди ифтитоҳи варзишгоҳ ва шиносоӣ бо дастовардҳои мардум дар растаи ҳунармандон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сокинони ташаббускори деҳаи Пушинг суханронӣ карда, ифтитоҳи иншооти навро муборакбод гуфтанд.

Сокинони шукргузори деҳоти Пушинг зимни баромади худ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ташаббусҳои созанда, ғамхории ҳамешагӣ ва таъмини зиндагии шоиста изҳори сипос карданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика