Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе

526Ҳамватанони азиз!

Ин лаҳзаҳо, ки ҷашни бузурги миллиамон – Наврӯзи ҷаҳонӣ фаро расидааст, тамоми сокинону меҳмонони пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол - шаҳри Душанберо самимона табрик мегӯям.

Боиси сарфарозии ҳар яки мост, ки дар шаҳри Душанбе – пойтахти зебои давлати Тоҷикистон ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон таҷлили Наврӯзи бостонӣ сол ба сол шукӯҳу шаҳомати хосса пайдо мекунад, ки маросими баргузории яке аз падидаҳои нодири фарҳанги наврӯз, яъне «Корвони наврӯзӣ» намунаи он мебошад.

Тибқи маълумоти таърихӣ гузаштагони мо дар яке аз рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз бо номи “Корвони наврӯзӣ” маросими муҳташаме ороста, бо ҳамдигар шодмониву хурсандӣ мекарданд, то ки тамоми сол ба кишвар хуррамиву хушрӯзӣ ва ба хонадони мардум бахту иқбол ҳамроҳ бошад.

Таваҷҷуҳ ба ҳикмату муҳтавои ин суннати наврӯзӣ як ҷанбаи хеле муҳимми он, яъне ойини пурра мардумӣ будани онро бори дигар собит месозад ва дар умум, Наврӯзро ҳамчун ҷашни хайру эҳсон, накӯкориву инсонпарварӣ ва созандагиву ободгарӣ муаррифӣ менамояд.

Ба маънии дигар, дар рӯзи таҷлили ин ҷашн одамони зиёд пиёдаву савора маҳаллаву гузарҳои шаҳрҳоро сайр мекарданд ва ба мардум аз омадани Наврӯз хушхабар мерасониданд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз сарватмандон ва хайрхоҳону саховатпешагон ба корвони наврӯзӣ ҳамроҳ шуда, талош мекарданд, ки бо истифода аз фурсати муносиб ба ниёзмандону эҳтиёҷмандон хайру эҳсон намоянд.

Канори ҳамдигар омадани мардум ва дастҷамъона амалӣ намудани чунин иқдомоти нек боис мегардад, ки одамон бо иҷрои амалҳои хайр ба ҳамдигар кумак расонанд ва дар ин асос эҳсоси дӯстиву рафоқат ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ миёни мардум тақвият пайдо намояд.

Корвони наврӯзӣ, ки имрӯз дар пойтахти кишвари азизамон - шаҳри Душанбе баргузор мешавад, беҳтарин суннатҳои Наврӯзи ниёгонамонро таҷассум намуда, суннату ойинҳои қадимаро бо қабои идона ва ба сурати нав, яъне мутобиқ ба падидаҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дигарбора эҳё гардонидааст.

Бо шакли нав ва мазмуну муҳтавои тоза доир намудани “Корвони наврӯзӣ” дар майдони марказӣ ва зебои пойтахтамон ба мардум шодиву нишоти нав мебахшад, ки сарчашмаи асосии он сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Мақоми байналмилалиро касб кардани Наврӯз имкон фароҳам овард, ки мардуми олам аз фалсафаи эҳёгариву созандагӣ ва башардӯстонаи ин ҷашни бисёр қадима ҳарчи бештар огоҳ гарданд, зеро Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неки он метавонанд ҳамчун василаи ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат намоянд.

Ҳамватанони азиз!

Рӯҳияи баланди мардуми пойтахт, дастгирии самимонаи ташаббусҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат аз ҷониби онҳо далели равшани он аст, ки сокинони шарафманди шаҳри Душанбе дар баробари дигар ҳамватанони азизи мо бо орзуи он, ки Наврӯзи имсола ба пешвози арзандаи ҷашни 28 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саодату комронӣ ва дастовардҳои бузургро ба армуғон оварад, ин ҷашни мубораки миллиро бо шукӯҳу самимият ва ташаббусҳои созанда истиқбол мегиранд.

Таҷлили бошукӯҳу дастҷамъонаи Наврӯз ҳамаи моро ба он ҳидоят месозад, ки ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи Ватани муқаддасамон, аз лиҳози иқтисодӣ нерӯманду пешрафта гардонидани давлати соҳибистиқлоламон ва аз имрӯза беҳтар намудани зиндагии мардуми шарифи кишварамон ҳарчи бештар заҳмат кашем ва ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем.

Бо ибрози ниятҳои нек барои амалӣ гардидани тамоми нақшаҳои ободгаронаи мардуми Тоҷикистон бори дигар сокинони сарбаланди шаҳри Душанберо ба ифтихори ҷашни Наврӯзи бостонӣ, яъне соли нави миллиамон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо бахту саодат, хайру баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу субот, ваҳдати миллии ҷовидона ва дастовардҳои бузург орзумандам.

Наврӯзатон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика