Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии шаҳри Норак

519

20 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон дар майдони марказии шаҳр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ аз руи муҷассамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон - шоҳ Исмоили Сомонӣ пардаро бардошта онро ифтитоҳ карданд.

Баландии пояи муҷассама 7,5 ва худи муҷассама 7 метрро ташкил медиҳад.

Муаллифони муҷассамаи барқади шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳайкалтарошон, аъзоёни Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Мансур Маҷидов ва Рустам Ҳоҷибоев мебошанд.

520

Маҷмаа бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо маблағҳои соҳибкорони ватанӣ, сокинони саховатпешаи шаҳри Норак ба ифтихори истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид.

Майдони назди муҷассама бо фаввораҳо, гулгашту хиёбон бо гулҳои тару тоза ва растаҳо бо чароғҳои рангаву курсиҳо, оро дода шудааст. Соҳибкорон ҳамчунин роҳҳои назди муҷассамаро мумфарш кардаанд, ки дар маҷмуъ ин мавзеъ барои сайру тамошои сокинону меҳмонони шаҳри Норак басо мувофиқ гардидааст.

Дар рафти корҳои сохтмонии маҷмаа беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Мавриди зикр аст, ки бунёди муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, нишони давлатӣ ва барафрохтани Парчами миллӣ дар саросари мамлакат аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи олии қадршиносию арҷгузорӣ ба гузаштаи неку ибратбахши давлату миллати тоҷик ва рамзҳову муқаддасоти бузурги миллӣ мебошад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика