Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози корҳои сохтмонии як меҳмонхонаи замонавӣ дар шаҳри Норак

507Дар идомаи сафари корӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии як меҳмонхонаи замонавӣ, ки начандон дуртар аз Неругоҳи барқи обии “Норак” дар мавзеи хушбоду ҳавои соҳили дарёи Вахш сохта мешавад, оғози расмӣ бахшиданд.

Аснои муаррифии лоиҳа ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхонаи мазкур дар масоҳати 0,46 га аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.

Бинои меҳмонхона аз 4 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он бунёди толори варзишӣ, ду ошхона, ҳаммом, буғхона, ҳавзи шиноварӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ошёнаи якум ҷойи таомхурӣ, толори баргузории конфронс, утоқҳои корӣ ва як ошхонаи дигар низ сохта мешаванд.

Тибқи лоиҳа, бунёди ҳуҷраҳои хоб, толори фароғатӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳо барои меҳмонони олиқадр ва толори хурди варзишӣ дар ошёнаҳои сеюму чорум пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин дар ҳудуди ин меҳмонхонаи замонавӣ биноҳои ёрирасон ва таваққуфгоҳ низ сохта мешаванд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика