Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

482

20 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XIX Шӯро баргузор гардид.

Зимни баррасии масъалаҳои ҷаласа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалисозии тадбирҳо дар самти васеъ истифода бурдани иқтидорҳои энергетикӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо шарикони тиҷоратии ҷумҳурӣ ва кишварҳои минтақа, беҳтаршавии мавқеи кишвар дар арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”, таҳияи санади меъёрию ҳуқуқӣ оид ба тартиби арзёбии самаранокии имтиёзҳои мавҷуда, тақвият бахшидан ба раванди ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муосиргардонии хизматрасонӣ ва танзими давлатии соҳибкорӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуданд.

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа, рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух шунида шуд.

Дар робита бо ин дар бораи ба роҳ мондани сабти электронии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва рақамикунонии бойгониҳо, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумат оид беҳтар намудани мавқеи кишвар дар арзёбии “Пешбурди соҳибкорӣ”дар таҳрири нав, роҳандозии тартиби мустақими бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, пардохти боҷи давлатӣ барои бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ ва андозҳо дар низоми “онлайн” бо истифода аз корти миллӣ, ВИЗА ва МАСТЕРКАРД, фаъол гардидани Системаи электронии Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ барои бақайдгирии гаравҳои молу мулки манқул ва қабули бастаи қонунҳо дар доираи ислоҳоти низоми созишҳои таъминшуда, ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва Кодекси гумрук бо пешниҳоди дар маҷмуъ 30 имтиёзу сабукиҳо барои беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ иттилоъ дода шуд.

Тибқи банди дуюми рӯзнома муаррифии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин оид ба натиҷаҳои таҳлили масъалаҳои низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшаванда пешниҳод гардид.

Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид роҷеъ ба натиҷаҳои таҳлил оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши маориф ва илм гузориш дод.

Оид ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух баромад карда, масъалаҳои таҳлили рушди кластерӣ дар соҳаи агросаноатӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва бахши технологияҳои иттилоотию телекоммуникатсиониро барои баррасӣ ба ҷаласаҳои оянда пешниҳод намуд, ки аз ҷониби аъзои Шӯро ҷонибдорӣ гардид.

Дар баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа, инчунин Вазири адлия, Рустам Шоҳмурод, Роҳбари Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пратибҳа Меҳта, Роҳбари Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд, Ян Питер Олтерс, Намояндаи Хазинаи кудакони СММ дар Тоҷикистон, Лючиано Колестини, аъзои Шӯрои машваратӣ аз бахши хусусӣ, Директори иҷроияи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон Нигина Икромова, аъзои Шӯрои машваратӣ аз бахши хусусӣ, Директори ҶДММ “Беҳамто” Исломиддин Ҳакимов, Директори Муассисаи таълимии хусусии “Литсейи Раҳнамо” Ҳакимниё Илҳомиддин ва дигарон баромад карда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа иброз намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба нуқтаҳои дар он зикргардида ба вазорату идораҳо, масъулини дахлдор дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳои мувофиқ доданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика