Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

382

30 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст “Доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2018 ҳисоботи Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нуҳ моҳи соли 2018 таҳлил намуда, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки бо мақсади таъмини сифатноки нақшаи иҷрои буҷети давлатӣ дар соли 2018, татбиқи мақсадҳои стратегии гузошташуда ва таъмин намудани рушди босуръати иқтисодии кишвар тадбирҳои амалӣ андешанд.

Супоришҳои дигар ба вазорату идораҳои давлатӣ барои таъмини шаффофияти хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, афзоиши содироти молу маҳсулот, роҳандозии фаъолияти самаранок дар самти истеҳсол ва истифодабарии неруи барқ, дода шуд

Дар кори маҷлис Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2020 - 2021 ва Дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2020 - 2021 гузориши Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.

Таъкид карда шуд, ки лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ бо мақсади дар амал татбиқ кардани сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ кардани афзалиятҳои муҳими стратегии давлатӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, бехатарии озуқаворӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва суръат бахшидан ба рушди иқтисодиёт, таҳия гардидааст.

Сипас дар кори маҷлис масъала Дар бораи ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Лоиҳаи қарори мазкур барои таҳияи нақшаи чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва ворид кардани иншооти зарурӣ ба он баъди аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ манзур кардани таклифу пешниҳодот, таҳия карда шудааст.

Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ” гузориши раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки лоиҳаи ин қарор бо мақсади эҳё, ҳифз, рушди мероси фарҳангӣ, анъанаҳои таърихии санъати ҳунармандӣ, қонеъ гардонидани талабот ба маснуот ва маҳсулоти ҳунармандон, фароҳам овардани шароит барои рушди ҳунармандӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти ҳунармандӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корҳои тарғиботию ташвиқотиро барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ҷоннок карда, дар шаҳру ноҳияҳо марказҳои омӯзишӣ касбу ҳунарҳои мардумиро таъсис диҳанд. Дастурҳои дигар барои эҳё ва гиромидошти анъанаҳои миллӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, дода шуд.

Дар кори маҷлис баъди муҳоқима хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Аъзои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиаи гражданӣ” - ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар кори маҷлис ҳамчунин лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи намояндагони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, Дар бораи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2020 ва Дар бораи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 - 2023 муҳокима карда шуд.

Дар анҷоми кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои саривақтии масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда ва барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи зимистон, захираи кофии маводи сухт ва озуқа, омодагии иншооти соҳаи иҷтимоӣ дар фасли сармо, ҷамъоварии беталафи ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, супоришҳои мушаххас доданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика