Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

372

23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон Парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз бардоштани парда аз болои лавҳаи гулгашти мазкур дар ҳамин ҷо Парчами давлатиро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо баландии 48 метр қомат афрохта, 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Тавре иттилоъ дода шуд, гулгашти “Парчами давлатии Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон дар масоҳати 2 гектар замин бунёд гардида, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Дар гулгашти “Парчами давлатии Тоҷикистон” барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон 30 адад нишастгоҳ насб гардида, ҳамчунин 3 фаввора ва 4 гузаргоҳи ороишӣ ҷой дода шудааст.

Гулгашти мазкур дар масоҳати 4800 метри мураббаъ сабзазор ва гулкорӣ гардидааст. Барои нигоҳдории мошинҳо таваққуфгоҳ бо сад ҷой сохта шудааст. Он дар муддати бештар аз ду моҳ бо ҷалби 60 нафар коргари маҳаллӣ қомат афрохтааст.

Дар ин мавзеи истироҳатӣ 50 адад чароғҳои гуногун бо баландии аз 3 то 20-метр насб гардидааст ва шабонгоҳ гулгашти мазкур хеле зебою назаррабо ба назар мерасад.

Сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ва гулгашт дар шаҳри Бӯстон дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади гиромидошти арзишҳои миллӣ ва вусъати тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи бузургтарин ҷашни миллӣ “30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар гулгашти “Парчами давлатии Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои арзанда дода, барои баргузор кардани чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ дар ин мавзеи зебо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

https://www.flickr.com/photos/khadamotimatbuot/sets/72157696868528680/with/44786712844/




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2309

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика