22 октябр дар рӯзи аввали сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағалро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи мазкур дар деҳоти Ғозиёни ноҳия дар масоҳати 6 гектар замин бунёд ёфта, бо хати муосири истеҳсолӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2016 оғоз ёфта, дар зарфи 2 сол бо дарназардошти талаботу стандартҳои ҷорӣ сохта ба истифода дода шуд.
Хатҳои истеҳсолии асфалт ва регу шағал аз ширкатҳои пешқадами Англия харидорӣ гардида, имконият медиҳанд, ки маҳсулот бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи сохтмониву роҳсозӣ истеҳсол гардад.
Тибқи нишондиҳандаҳои техникӣ коргоҳи асфалтбарорӣ дар як соат иқтидори истеҳсоли 60 тонна асфалти гармро дорад. Бо истифода аз ин имконот минбаъд хароҷоти таъмири роҳҳои ҳудуди вилоят коҳиш ёфта, маҳсулоти аълосифати худӣ дар сохтмону таъмири роҳҳо истифода мегардад.
Хати истеҳсолии сангмайдакунӣ бошад, имконият дорад, ки дар як соат то 30 метри мукааб маҳсулотро коркарду барои истифодабарӣ омода намояд.
Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағал дар баробари хати истеҳсолӣ, ҳамчунин бо техникаи муосири роҳсозӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии соҳавӣ таъмин гардида, қудрати гузаронидани корҳои роҳсозиро дорад. Аз ҷумла, барои фаъолияти босамари коргоҳ 13 адад автогрейдер, 12 мумпошак, 12 мошини борбардор, 1 адад техникаи асфалтхобкунӣ, компрессор, роҳкӯбаки дастӣ ва дигар техникаву таҷҳизоти зарурӣ харидориву дастрас гардидааст.
Сарвари давлат аснои шиносоӣ ба корҳои анҷомёфтаи сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот баҳои баланд дода, барои истифодаи самараноки коргоҳ ва истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир ба масъулин дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>