Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

365

Субҳи рӯзи 22 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд қитъаи роҳи мошингарди “Деҳмой-Меҳробод-Маданият”-ро пас аз навсозии пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Қитъаи мазкур дар доираи Лоиҳаи “Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ” (таҷдиди роҳи мошингарди Хуҷанд - Исфара) навсозӣ шудааст. Масофаи умумии қитъаи роҳи мошингарди “Деҳмой-Меҳробод-Маданият” 17 километрро дар бар гирифта, паҳноии он аз 8 то 16 метрро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи мошингарди дорои 2 хати ҳаракат маълум гардид, ки корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла омода намудани қабати поёнӣ ва болоии роҳ, қубурҳои обгузар ва мумфарш кардани он дар ду қабат мувофиқ ба талаботи байналмилалӣ анҷом дода шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Деҳмой-Меҳробод-Маданият, ки дар татбиқи яке се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари таранзитӣ замина мегузорад, моҳи июни соли 2016 оғоз гардидааст.

Дар доираи таҷдиди қитъаи роҳи мошингарди “Деҳмой-Меҳробод-Маданият” 6 пул бо иқтидори борбардории 80 тонна, аз ҷумла 2 пул таъмиру таҷдид ва 4-тои дигар пурра аз нав бунёд гардидааст.

Масофаи умумии купрукҳои навсохташуда ва таҷдидшуда дар қитъаи роҳи Деҳмой-Меҳробод-Маданият зиёда аз 160 метрро ташкил дода, ҳар яки он дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда шудааст.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин қитъаи роҳ давоми ду сол беш аз 120 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд. Дар доираи лоиҳаи таҷдиди ин роҳи мошингард ба масофаи 9600 метри мураббаъ роҳҳои пиёдагард мумфарш ва 2000 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Меҳробод-Маданият марҳилаи якуми Лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Хуҷанд-Исфара пурра амалӣ гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои арзанда дода, барои саҳмгузорӣ дар ободии мамлакат ба бунёдгарони роҳ изҳори миннатдорӣ баён карданд.

Сарвари давлат ҳамчунин масъулонро барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Меҳробод-Маданият муваззаф намуданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика