Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ

35911 октябри соли 2018 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо ва мавзуъҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай, баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ саъю талош меварзем, ки дар кишвари дӯсту ҳамсояи мо - Афғонистон сулҳу салоҳи комил ҳукмфармо бошад.

Ҷонибҳо аз бархурдҳои хунин дар кишварҳои исломӣ, паҳншавии фаъолияти харобиовари нерӯҳои террористиву экстремистӣ, шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ ва геостратегӣ изҳори нигаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои глобалӣ, чун терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории созмонёфтаи фаромиллӣ, густариши ҳамкории амниятии кишварҳоро тақозо мекунад.

Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва инфрасохтори роҳ ҳамчун самтҳои афзалиятноки муносибатҳо арзёбӣ гардида, татбиқи барномаи САSA-1000, бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, намунаи беҳтарини робитаҳои дуҷониба номида шуд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои рушду ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва иттилоот таъкид намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.

https://www.flickr.com/photos/khadamotimatbuot/sets/72157699065176722/




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика