Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз шаҳри Хиросимаи Япония

3483 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯбаи сафари расмӣ ба Япония вориди шаҳри Хиросима шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хиросима меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати шаҳри Хиросима гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хиросима оғоз гардида, дар шаҳрҳои Киото ва Токиои Япония идома меёбад.

Дар шаҳри Хиросима Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд ва самимӣ ба таъриху тамаддуни мардуми Япония дар “Боғи ёдбуди сулҳ” дар зери Муҷассамаи ёдбуди қурбониёни бомбаи ҳастаӣ гулчанбар гузоштанд.

Хиросима яке аз шаҳрҳои муосири Япония ба шумор рафта, дар ҷазираи Хонсю ҷойгир аст. 6 августи соли 1945 дар рӯзҳои анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баъди партофтани бомбаи атомӣ шаҳр пурра хароб гардид. Барои гиромидошти қурбониёни ин шаҳр ва ба хотири фоҷеаи пурдаҳшат дар ин ҷо “Боғи ёдбуди сулҳ” бунёд гардид. Дар як гушаи боғ харобаҳои “Гумбази Гэмбаку”, ки дар вақти таркиш як қисми он боқӣ мондааст, то имрӯз нигоҳ дошта шудааст. Атрофи муҷассама макони сайру гашти сокинону меҳмонон мебошад.

Соли 1996 “Гумбази Гэмбаку” ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шуд.

Дар ҳудуди “Боғи ёдбуди сулҳ” ҳамчунин осорхонаи ёдгории сулҳи Хиросима мавҷуд аст, ки дар он муҷассамаҳо ва бисёр дигар нигораҳо барои гиромидошти хотираи қурбониёни фоҷеаи соли 1945 ҷамъоварӣ гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди гузоштани гулчанбар дар назди ёдгории қурбониёни фоҷеа ва пас аз шиносоӣ бо осорхона дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошта, ба роҳбарияти осорхона ҳамчун рамзи эҳтиром туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси шаҳри Хиросима Казуми Матсуӣ ва Директори Осорхонаи ёдгории сулҳи Хиросима Кенҷи Шига ҳамроҳӣ карданд.

Ин боздиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз “Боғи ёдгории сулҳ” нишонаи олии башардӯстӣ ва гиромидошти қурбониёни истифодаи силоҳи қатли ом мебошад.

https://www.flickr.com/photos/khadamotimatbuot/sets/72157700434243011/




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика