Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Боғи ба номи Аҳмади Дониш дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе

330Шоми рӯзи 26 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи ба номи Аҳмади Дониш, ки дар муддати камтар аз як сол дар хиёбони Рӯдакӣ, рӯ ба рӯи Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи хеле зебо бунёд карда шудааст, иштирок намуданд.

Боғи мазкур, ки дар майдони қариб 3 гектар доман густурдааст, идомаи тадбирҳои созандаву пайгиронаи шаҳрдорӣ буда, дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» воқеан ба як макони истироҳату фароғат табдил дода шуд. Мақсад аз бунёди он фароҳам овардани шароити арзанда барои меҳмонону сокинони пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе арзёбӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида, дар ҷараёни бунёд то 300 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгашта ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳа, дар Боғи ба номи Аҳмади Дониш зиёда аз 11 ҳазору 500 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш ва 12 ҳазор метри муррабаъ майсазор гардонида шудаанд.

Барои чароғонкунии боғ 225 адад сутунпояи аз 4 то 9-метра ва шумораи зиёди дигар дастгоҳу таҷҳизоти муосири равшанидиҳанда насб карда шудаанд, ки ҳудуди ин иншооти фарҳангӣ-фароғатиро шабонгоҳ хеле ҷолибу назаррабо менамоянд.

Ҳамзамон корҳои вобаста ба сарсабзу хуррамгардонии Боғи ба номи Аҳмади Дониш дар асоси тарҳи хос бо як завқи баланд амалӣ гардида, дар ин ҷо бо ҳидояти Пешвои миллат наздики 1000 бех дарахтони нодири сояафкану ороишӣ, ки бештари онро аз хориҷи кишвар овардаанд, шинонида шудаанд.

Ҳамчунин дар ҳудуди Боғи ба номи Аҳмади Дониш ҷойи бозии кӯдакону наврасон бунёд карда шудааст, ки дорои аттраксионҳо ва бозичаҳои худҳаракаткунанда мебошад. Масоҳати умумии ин қитъа 1238 метри мураббаъ буда, таҷҳизоти он асосан аз Туркия ва Италия ворид карда шудаанд.

Боғи наве, ки имрӯз дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба номи Аҳмади Дониш гузошта шуд.

Аҳмади Дониш яке аз нависандагон ва маорифпарварони машҳури тоҷик буда, аз худ мероси адабӣ ва илмӣ боқӣ гузоштааст.

https://www.flickr.com/photos/khadamotimatbuot/sets/72157671684285797/with/31058613438/




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика