Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо прокуророни генералии давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ

324

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат дар оғоз ҳамаи меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба кори Ҷаласаи 28-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҷаласаи 16-уми прокуророни генералии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, барору комёбӣ орзу карданд.

Президенти мамлакат Прокуратураро яке аз сохторҳои муҳимтарини дастгоҳҳои давлатӣ ва ҷомеаи қонунӣ арзёбӣ карда, изҳори умед намуданд, ки мулоқотҳои имрӯза барои табодули таҷриба ва муайян кардани самтҳои нави кӯшишҳои муштарак ҷиҳати тақвият додани волоияти қонун, амният ва субот дар кишварҳо имкон фароҳам меорад.

Зимни мулоқот масъалаҳои муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла шаклҳои трансмиллӣ ва ташкилёфта, шиддатнокии таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, экстремизм ва мушкилоти амниятӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои ҷангзадаи олам, оқибатҳои фалокатбори муноқишаҳои сиёсӣ ва талафоти ҷонии аҳолии осоиштаи ин давлатҳо изҳори нигаронӣ карда, ҳамгироии муштараки кишварҳои аъзои ИДМ ва СҲШ, барои таъмини амният дар қаламрави давлатҳо ва минтақа зарур шумурда шуд.

Ба нақши калидии Маркази зиддитеррористии ИДМ, Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ва Ассотсиатсияи байналхалқии прокуророн дар самти муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, пурқувват кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, таъмини амнияти иттилоотӣ, мубориза бо ҷинояткории кибернетикӣ ва дигар зуҳуроти барои ҷамъият хавфнок аз масъалаҳои дигару муҳими мулоқот буданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика