Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани санги асос барои бунёди 2 бинои истиқоматӣ дар ноҳияи Роштқалъа

303

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони 2 бинои истиқоматии 5-ошёнагӣ ҳар кадоме бо 25 ҳуҷра барои хизматчиёни давлатӣ оғоз бахшиданд.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки биноҳо ҳар кадоме дар масоҳати 2 ҳазору 486 метри мураббаъ сохта мешаванд ва онҳо ба ободии ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат зебогии дигар зам менамоянд.

Дар ошёнаҳои якуми биноҳои истиқоматӣ 5 ҳуҷра, аз ҷумла 4 хонаи 2 ҳуҷрадор, 1 ҳуҷрадор, ҳуҷраи посбон ва 1 адад лифт ҷойгир мебошанд. Дар ошёнаҳои болоӣ ҳар қабат аз 4 хонаи 2 ҳуҷрадор, 1-то 1 ҳуҷрадор ва ҷой барои либосовезонӣ сохта мешавад.

Тибқи лоиҳа дар ҳавлии биноҳои 5-ошёнаи ноҳияи Роштқалъа, ки барои хизматчиёни давлатӣ пешбинӣ шудааст, ҳамчунин зеристгоҳ, дегхона, майдончаҳо барои бозии кӯдакона ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегардад.

Аз рӯйи нақша дар ин биноҳо барои зисту зиндагонии хизматчиёни давлатӣ ва оилаҳояшон тамоми шароит фароҳам оварда мешавад ва масъулияти онҳоро дар иҷрои вазифаҳояшон боз ҳам баландтар хоҳад намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат масъулинро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ вазифадор намуда, таъкид доштанд, ки ин биноҳо бояд ба таври замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта шавад ва солҳои зиёд ба хизматчиёни давлатӣ дар ноҳияи Роштқалъа хизмат намояд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

30.06

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика