Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Беморхонаи вилоятии касалиҳои рӯҳӣ, воқеъ дар ноҳияи Роштқалъаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои миллат аз шароити фароҳамовардаи ин иншооти тандурустӣ шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд доданд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин муассисаи наву замонавиро дар рӯзҳои истиқбол аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат барои кормандони соҳа арзёбӣ намуданд.
Бинои Беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ дар майдони қариб 2 гектар доман густурда, дорои 129 ҳуҷра ва 84 кат барои бистарикунонии беморон мебошад. Бино аз ду ошёна иборат буда, се бинои ба ҳам пайвастро дарбар мегирад ва дорои ҳама шароити сатҳи баланди хизматрасонӣ ба маризон мебошад. Дар беморхона се шуъба, аз ҷумла мардона, занона ва кӯдакона ба беморон хизмат мерасонад. Ҳама ҳуҷраҳои табибону маризон ба системаи гармидиҳии мутамарказонидашуда пайваст буда, тавассути қувваи барқ ва ангиштсанг гарм карда мешаванд. Беморхона ҳамчунин дорои ҳамом, утоқи либосшӯйӣ буда, дар он чор ошхона низ бунёд гардидааст.
Мавриди истифода қарор гирифтани чунин муассисаи муосири тандурустӣ дар ноҳияи Роштқалъа мушкилоти чандсолаи табибону беморонро пурра рафъ кард.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>