Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи аввалин эстакада дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе

2835 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт дар маросими ифтитоҳи аввалин эстакада дар Тоҷикистон иштирок намуданд. Эстакадаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе - Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки сохтмони ин эстакада 22 июли соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд ва он вақт Сарвари давлат ба фармоишгарону паймонкорони иншоот ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба сомон расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дода буданд.

Инак муҳандисону роҳсозони варзидаи ватанӣ дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншоотро дар муддати ду сол бо сатҳу сифати баланд дар рӯзҳои таҷлил аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Чорсӯи нав аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа роҳи давродаврие бунёд шудааст, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути нишонаҳои махсус роҳнамоӣ карда мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук бо дарозии 125 метр ва паҳноии 24,8 метр мегузарад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ин иншоот ва суҳбат бо роҳсозон ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва ҷиҳати назорати роҳи мазкур, ки бо меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст, масъулинро муваззаф намуданд. Дар лоиҳаи сохтмони эстакада 4 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудаанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, агар то ба имрӯз барои роҳҳои ҳудуди мамлакат асфалти бузургдона ва майдадона истеҳсол ва истифода мегардид, акнун дар роҳи сеқабата ҳамаи қитъаҳо бо асфалти замонавӣ бо иловаи маводи кимиёвие, ки рӯйпӯши роҳро устувору қавӣ ва ба лағжиш тобовар менамояд, амалӣ гардидааст. Ба гуфти масъулин, ин навъи асфалт бори нахуст дар Тоҷикистон истифода мегардад ва муҳлати баҳрабардорӣ аз он назар ба дигар намуди он 4 – 5 сол зиёдтар мебошад. Лоиҳаи сохтмони эстакада дар шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ шудааст ва дар доираи он нақби барқи баландшиддат бо дарозии 730 метр бунёд гардидааст. Барои рӯшноидиҳӣ 121 сутунпоя насб шудаанд.

Фармоишгари иншоот Вазорати нақлиёт – Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва паймонкори лоиҳа Корпоратсияи роҳҳо ва кӯпрукҳо “Синдзян-Бейсин” –и Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, сифати сохтмонро Ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон назорат бурдааст. Дар доираи корҳои сохтмонӣ ҳамчунин навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла, оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, газ, равшанидиҳии замонавӣ, хатсайри троллейбус, сабзазоркунии гулгашту роҳравҳо ва як қатор тадбирҳои дигар амалӣ карда шудаанд.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи сеқабата бо нишонаҳои роҳ ва хатандозиҳо танзим мегардад. Баробари анҷоми дигар корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи эстакада ҳамчунин такядеворҳои рӯизаминӣ бо дарозии 568 метр ва зеризаминӣ бо дарозии 480 метр бунёд шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ муосиртарин техникаи соҳавӣ ҷалб гардида буд ва назорати сифати корҳои бунёдӣ аз ҷониби коршиносони байналмилаливу дохилӣ ба таври доимӣ роҳандозӣ мегардид. Ҳангоми корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти транзитӣ 240 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд, ки наздик ба 80 дарсади онҳоро мутахассисони варзидаи маҳаллӣ дар бар мегирифт.

Бояд таъкид дошт, ки татбиқи босамару босифати лоиҳаҳои коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои оҳану мошин, нақбҳо ва пулҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ муҳиму саривақтӣ мебошад.

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

30.06

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика