Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи сардхонаи нав дар Боғи миллии “Ваҳдат” - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

19528 июн дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Боғи миллии “Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сардхонаи навро бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулот ифтитоҳ карданд.

Айни ҳол масоҳати боғ ба 700 гектар расонида шуда, дар он навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан шинонида шудааст. Ҳосили аксар дарахтони мевадиҳанда барои таъмини бозори дохилӣ ва содирот нигаронида шудааст.

Имсол аз ҳосили 700 тонна зардолуи ин боғ беш аз 20 тоннаи он ба шаҳру ноҳияҳои мухталифи Федератсияи Россия содирот карда шудааст.

Дар сардхонаи нав коргарони боғи миллӣ себ, зардолу ва олуи сиёҳро барои содирот ҷой кардаанд. Президенти мамлакат ба иқдоми боғдорон баҳри бунёди сардхона, пешгирии талафёбии маҳсулот ва таъмини меваҷот дар ҳама фаслҳои сол баҳои баланд доданд. Дастур дода шуд, ки бо истифода аз ин имконот дар ин ҷо ҳамчунин сабзавот нигоҳ дошта шавад.

Ёдовар мешавем, ки боғи мазкур 20 марти соли 2008 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуда, бо пешниҳоди Сарвари давлат бо нияти пойдории ҷовидонии сулҳу субот ҳамчун омили муҳимтарини рушду пешрафти Ватани азизамон Боғи “Ваҳдат” номида шуд.

Соли 2008 ба нақша гирифта шуда буд, ки дар даромадгоҳи боғ бошишгоҳ ва толори намоишгоҳ, гармхона барои кишти сабзавоти барвақтӣ, ниҳолхона барои парвариш ва зиёд намудани дарахтони мевадиҳанда, сехҳо барои хушконидани мева ва коркарди меваю сабзавот, мағозаву нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва чойхонаи миллӣ, бинои маъмурӣ ва маҷлисгоҳ сохта шавад.

Чойхонаи Боғи “Ваҳдат” низ бо дастури Сарвари давлат бо риояи меъёрҳои меъмории миллӣ, чубкорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва дигар унсурҳои миллии хоси мардуми соҳибфарҳанги тоҷик сохта шуда, имрӯзҳо ба як макони бошукуҳи баргузории чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ мубаддал гардидааст.

Аксар вақт зимни сафарҳои корӣ ба вилояти Суғд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин боғ дидан карда, барои нигоҳубини дарахтон, рушди соҳаи боғдорӣ, парвариши зироатҳои гуногун дар байни қаторҳои боғ, истифодаи самараноки иншооти хизматрасонӣ маслиҳатҳои созанда медиҳанд.

Имрӯз низ дар давоми боздид аз Боғи “Ваҳдат” Президенти мамлакат бо шароити хизматрасонӣ дар чойхонаи миллӣ шинос шуда, ба роҳбарияти вилоят барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ва меҳмоннавозии хос дастуру ҳидоятҳо доданд.

Ёдовар мешавем, ки 25 марти соли 2017 тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Сарвари давлат, намояндагони зиёиёни кишвар ва фаъолону сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҳудуди Боғи “Ваҳдат” бо шукуҳи хос ва хотирмон таҷлил гардид.

Сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд дар растаҳои боғ намоишгоҳ ташкил карда, дастовардҳои меҳнатии худро ба маъраз гузоштанд. Дар барномаи фарҳангӣ-оммавии наврӯзӣ анъанаву русуми аҷдодии бошандагони гӯшаву канори Тоҷикистони азиз ва суннатҳои марбут ба қавму миллатҳои ҷашнгирандаи ҳавзаи Наврӯз таҷассуми худро пайдо кард, ки басо дилписанд ва хотирмон буд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика