Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ба истифода супоридани хатти нави технологии ҶСК «Қолинҳои Қайроққум»

193Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” боздид ба амал оварданд. Дар инҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз Сехи истеҳсоли ришта, ки ба тозагӣ бо 70 ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст, шинос шуданд.

Тамоми ашёи хоми барои истеҳсоли қолин зарурӣ ба корхонаи “Қолинҳои Қайроққум” то ин замон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Туркия, Эрон ва Бангладеш ворид карда мешуд. Баробари фаъол гардидани сехи мазкур истеҳсоли 60 фоизи ашёи хом дар худи ин корхона ба роҳ монда мешавад, ки ин яке аз дастовардҳои арзанда дар ин соҳа дониста мешавад.

Дар ин сех асосан риштаҳои полипропилении пати қолин истеҳсол карда мешавад. Таҷҳизоти ин сех аз Белгия, Олмон ва Фаронса харидорӣ шудаанд. Ба маълумоти масъулин, айни замон иқтидори истеҳсолии сехи мазкур дар як шабонарӯз истеҳсоли 8,5 тонна, дар як моҳ 250 тонна ва дар як сол 2 миллиону 700 тонна риштаро ташкил медиҳад.

Тавре ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ин коргоҳи истеҳсолӣ бо маблағи умумии 35 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шудааст. Бо фаъол гардидани ин сех 70 сокини шаҳри Гулистон бо маоши 1500 сомонӣ барои худ ҷойи кори доимӣ пайдо намуданд.

Хатти нави технологӣ дар корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» аз қисматҳои истеҳсоли ришта, бофандагӣ ва пардоздиҳӣ иборат мебошад. Бо таъсиси хатти нави истеҳсолӣ ин корхона имкон дорад дар оянда корхонаҳои дигари истеҳсоли қолин дар ҷумҳуриро бо ашёи хом, аз ҷумла ришта таъмин намояд.

Бояд зикр намуд, ки маҳсулоти корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» давоми 60 сол мешавад, ки бо сифат, зебоӣ, услуб, рангубор ва нақшу нигоре, ки инъикосгари анъанаҳои халқҳои Шарқ мебошад, дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ талабгорони зиёд дорад. Бо назардошти роҳандозӣ намудани истеҳсоли ашёи хом ва таъмин намудани кори мунтазами истеҳсолот, масъулин пеш аз ҳама коҳиш ёфтани арзиши аслии маҳсулотро пешбинӣ мекунанд ва бовар доранд, ки ташкили ин сех ва истеҳсоли риштаҳои полипропилении пати қолин барои боз ҳам бозоргир шудани маҳсулоти ин корхонаи бузурги саноатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидати бештар хоҳад кард.

Дар корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолии корхонаи мазкур, ки ба таври хеле зебо омода шуда буд, дидан карда, ба сифати маҳсулоти истеҳсолшуда баҳои баланд доданд. Ҳамчунин Пешвои миллат аз масъулин даъват ба амал оварданд, ки иқтидори истеҳсолии корхонаро зиёд карда, ҷойҳои нави корӣ ташкил намоянд.

Лозим ба таъкид аст, ки шурӯъ аз соли 2013 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” шаш адад дастгоҳи нави бофандагӣ дастрас карда шуда, ҳаҷми истеҳсолот мунтазам зиёд, сифати он беҳтар ва дар як вақт рақобатпазирии он дар бозори фурӯш таъмин карда шудааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика