Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Парчами давлатӣ дар шаҳри Конибодом

187Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом дар вазъияти тантанавӣ сутунпояи Парчами давлатиро ифтитоҳ намуданд.

Сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 43 метр бунёд гардида, ин макон ба ҷойи назаррабо ва мавзеъи сайру гашти дилписанди сокинон табдил ёфт.

Парчами давлатӣ 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад. Дар гирду атрофи боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, назди Маҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дарахтони сояафкани ороишӣ ва гулҳои шукуфон шинонида шудааст. Ҳамзамон дар атрофи боғ ва сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастгоҳҳои замонавӣ ва фаввораҳои диққатҷалбкунанда насб гардида, чароғон кунонида шудааст.

Сокинон аз он ифтихор доранд, ки имрӯз дар партави сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом биноҳои наву замонавӣ ва мавзеъҳои истироҳатӣ сохта мешаванд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи сиёсати бунёдкоронаи худ барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас, бедор сохтани ҳисси ватанпарастӣ дар қалби ҷавонон, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва комил гардондани истироҳату фароғати сокинони мамлакат махсусан сокинони шаҳри Конибодом тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ менамояд. Изҳори эътимоду боварӣ карда шуд, аз ин пас дар ин макони зебо ва гулгашти назаррабо чун нишони садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён ба рамзҳои давлатӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор карда мешаванд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2309

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика