Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои прокуратура дар шаҳри Конибодом

185Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом бинои мақомоти прокуратураи шаҳрро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд. Бинои прокуратура дар шаҳри Конибодом бо тарҳи нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо тамоми инфрасохтори зарурӣ бунёд ёфта, барои кормандон шароити муосиди корӣ фароҳам оварда шуд.

Зимни ба истифода додани бино, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандонро ба 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, мавриди истифода қарор гирифтани бинои навро туҳфаи арзанда дар ин рӯзи барои мардуми тоҷик таърихӣ ва тақдирсоз муҳим арзёбӣ намуданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки барои сохтмони бинои мақомоти прокуратураи шаҳри Конибодом зиёда аз 2 миллион сомонӣ сарф гардида, он имрӯз бо сифати баланд ба истифода супорида шуд. Бинои нави мақомот таҳхона ва дуошёна иборат аст. Дар таҳхонаи бино бойгонӣ ва толори варзишӣ ҷойгир карда шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино ҳуҷраи котибот, ошхона, ҳуҷраҳои корӣ, санитарӣ, посбон, дар ошёнаи дуюм бошад ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлисгоҳ бо ғунҷоиши 40 ҷойи нишаст, ҳуҷраи фароғатӣ, қабулгоҳ, ҳуҷраи санитарӣ ва дигар утоқҳои ёрирасон ҷойгир мебошанд. Ҳама утоқҳои корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон бо миз ва дигар таҷҳизоти лозимаи корӣ ва технологияи компютерӣ таъмин мебошанд. Тибқи нақша дар таҳхонаи бино барои ба варзиш машғул шудани кормандон ва обу тоби бадан толори варзишии дорои таҷҳизоти замонавӣ сохта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари бинои нави мақомоти прокуратура дар шаҳри Конибодом идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, сохтмони иншоот моҳи апрели соли 2018 оғоз гардида, он имрӯз дар муҳлати кӯтоҳ бунёд ёфта, мавриди истифода қарор дода шуд. Лоиҳаи иншоот бошад аз ҷониби ҶДММ «Суғд лоиҳакаш» таҳия гардида, пудратчии асосӣ ҶДММ «СМС» мебошад. Аз сохта мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав кормандон изҳори хушҳолӣ намуда, миннатдории худро барои дастгирииҳои ҳамешагии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фароҳам сохтани шароити арзандаи корӣ баён доштанд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2909

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика