Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи боғчаи бачагонаи рақами 28 дар шаҳри Хуҷанд

181Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд Боғчаи бачагонаи рақами 28-ро, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Дар ин ҷо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи декабри соли 2017 оғоз гардида, моҳи июни соли 2018 аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «ХЭОПС» бо ҷалби коргарони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгу ба меъёрҳои милливу ҷаҳонӣ, сохта ба анҷом расонида шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамомада дар ин муассисаи томактабӣ баҳои баланд доданд. Ба истифода додани муассисаи томактабиро сокинони маҳалаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои насли ояндасози миллат арзёбӣ карданд.

Бинои наву замонавии Боғчаи бачагонаи рақами 28 дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бо маблағи 3 милиону 800 ҳазор сомонӣ сохта шуда, имкон дорад ҳамаррӯза 320 кӯдакро ба тарбия фаро гирад.

Мавриди зикри хос аст, ки Боғчаи бачагонаи рақами 28, дорои утоқҳои бархаво, хонаи кабули кудакон, хонаи таълимӣ, хонаи хоб, нуқтаи санитарӣ, толори мусикӣ, нуқтаи тиббӣ, ошхона, анборҳои маводи хӯрока ва 12 айвончаи бозӣ, майдончаи варзишии тобистона, майдончаи қоидаҳои ҳаракати роҳ, ҳавзи шиноварӣ, шабакаи гармидиҳии мутамарказонидашуда мебошад.

Дар ин ҷо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш бо забонҳои точики,русӣ, англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои муаззами миллат аз тарбиятдиҳандагон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити хубу арзанда кӯдаконро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандустиву ватанпарастӣ ба камол расонанд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика