Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча - мебел” дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”

18026 июн дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча - мебел” - ро дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арча” дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ифтитоҳ карданд.

Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча - мебел” аз тарафи муассисон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва Компания”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “УчЮлдиз” - и Туркия бунёд шуд.

Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Саҳмгузорон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва Компания”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “УчЮлдиз” - и Туркия ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мебошанд.

Масоҳати умумии корхона беш аз 7 ҳазор метри мураббаъ, аз ҷумла масоҳати биноҳои истеҳсолӣ наздики 3 ҳазор метри мураббаъ мебошад.

Таҷҳизотҳои технологии замонавии корхонаи нав аз Туркия, Италия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст. Барои истеҳсоли маҳсулот 80 фоиз ашёи хоми ватанӣ истифода шуда, боқимонда аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Федератсияи Россия, Белорусия, Туркия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мегардад.

Истеҳсолот дар ду бахш ба роҳ монда мешавад, дар бахши аввал мебел бо истифодаи профилҳои гуногуни оҳанӣ, верзалит барои муассисаҳои томактабӣ, таълимгоҳҳо, шифохонаҳо ва дар бахши дуюм бо истифодаи тахтачубҳои гуногун фурнитура ва дигар мебелҳои умумӣ, биноҳои маъмурӣ, маишӣ ва ғайра сохта мешаванд.

Дар коргоҳи мазкур беш аз 50 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Иқтидори истеҳсолӣ дар 2 бахш пешбинӣ гардидааст.

Номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда - мебелҳо барои муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимӣ ва таълимии махсус, муассисаҳои маишӣ, хонаҳои шахсӣ, муассисаҳои маъмурӣ, корхонаҳо ва дар оянда мебел барои муассисаҳои соҳаи тандурустӣ.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз зимни як сафари қаблии корӣ ба вилояти Суғд ва боздид аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арча” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватандӯст Дадохон Очилов дастур дода буданд, ки ба хотири рушди истеҳсоли маҳсулоти худии ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир, ашёи воридотивазкунанда, мизу курсиҳо барои таъмини талаботу эҳтиёҷи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бо ворид кардани технологияи муосир як коргоҳи навро таъсис диҳанд.

Инак барои дар амал татбиқ кардани ҳидоятҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арча” коргоҳи наву муосир бо ҷалби сармояи хориҷӣ таъсис ёфт.

Дар саҳни ҳавлии корхона аз тарафи ширкат намоиши маҳсулоти мухталифи истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла дару тирезаҳо, мизу курсиҳо, ҷевон, рахти хоб ва дигар ҷиҳози зарурии рӯзгор барпо карда шуд. Зимни шиносоӣ бо дастовардҳои корхона Пешвои миллат ба сифати маҳсулот ва тарҳи онҳо баҳои баланд доданд. Дастур дода шуд, ки барои таъмини талаботу эҳтиёҷоти мардум ба ҷиҳози хона коргоҳҳо, намоишгоҳҳо ва мағозаҳои фуруши маҳсулоти корхона дар шаҳри Хуҷанд ва пойтахт таъсис дода шавад.

Аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ ба таври маҷмуъӣ коркарди якҷояи матоъ, чуб, пластмасса ва оҳан ба роҳ монда шуда, аз онҳо мебелҳои хушсифат тайёр карда мешавад.

Баъди шиносоӣ бо шароити кор ва ҷараёни истеҳсолот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ баҳри дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, онҳоро ба идомаи иқдомҳои созанда ҳидоят карданд.

Бояд гуфт, ки ифтитоҳи чунин корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ барои саноатикунонии мамлакат қадами устувору муҳим аст.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2909

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика