Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Нишони давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан

17825 июни соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман ифтитоҳ намуданд.

Сохтмони Нишони давлатӣ моҳи марти соли 2018 оғоз шуда, моҳи июни соли ҷорӣ пурра ба анҷом расонида шудааст.

Нишони давлатӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ бунёд гардида, баландии он 24 метрро ташкил медиҳад.

Фармоишгари иншоот шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан буда, лоиҳакаш корхонаи фаръии воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и шаҳри Истаравшан, пудратчӣ Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «МПМК Уротеппа» мебошад.

Назди Нишони давлатӣ дар шаҳри Истаравшан бо бунёди фавораҳо, шинонидани гулу бутаҳо ва чароғонкунӣ зебою дилрабо гардида, барои сайру гашти сокинон макони хуби истироҳату фароғат хоҳад буд.

Нишони давлатӣ дар маркази шаҳри Истаравшан бо усули хоси меъмории миллӣ бунëд карда шуда аст, ки дар қатори дигар иншооти бунëдгардида ба симои шаҳр ҳусни дигар зам намудааст.

Саҳни ин рамзи давлатӣ тибқи талаботи меъморию шаҳрсозӣ навсозӣ гардида дар бунëди роҳравҳо ва ҳудуди ин мавзеъ аз масолеҳи сохтмонии босифат истифода карда шудааст.

Қомат афрохтани нишони давлатӣ дар маркази шаҳри Истаравшан нишонаи возеҳи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ буда, бо ин васила дар ниҳоди насли имрӯзу оянда ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро бедор хоҳад сохт.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика