Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер

17620 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар қатори созмонҳои фаъолтарини ҷаҳон дар татбиқи ташаббусҳои Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об, саҳми арзанда мегузорад.

Аз дастгирии гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту роҳ, кишоварзӣ, пешгирии офатҳои табиӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дастгирии соҳаҳои кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, пешгирии офатҳои табиӣ, маориф, инкишофи инклюзивӣ, мукаммалнамоии идоракунии молияи давлатӣ низ дар доираи Барномаи минбаъдаи шарикӣ аз қатори афзалиятҳои ҳамкорӣ номида шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки барои кам намудани хавфҳои фискалӣ минбаъд низ зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҷониби Бонк дар намуди маблағҳои имтиёзноки грантӣ муҳим аст.

Ҳар ду ҷониб зимни мулоқот оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугуйи судманд анҷом доданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика