Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

17520 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Туркманистон ва масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ баррасӣ карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъоли роҳбари ин кишвари дӯстро дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” нишонаи возеҳи дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо маънидод карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқоти самимӣ оид ба мавқеъи ҳамсони кишварҳо дар самти ҳалли мушкилоти масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ, инчунин таъмини амнияти минтақа, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир андешаронӣ карданд.

Аз сатҳ ва мазмуну муҳтавои робитаҳо, татбиқи санадҳои қаблан қабулшуда, рушди шарикӣ ва густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт, саноати сабук, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Барои расидан ба ҳадафҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш таъсиси намояндагии тиҷоратӣ ва Шӯрои соҳибкорӣ зарур шумурда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика