Муҷассамаи Буддо дар ҳолати нирвана ё Буддои хобрафта - бозёфти нодир аз ёдгории Аҷинатеппа (дар наздикии ш.Бохтар (собиқ Қурғонтеппа), ки вайронаҳои бутхонаи Буддоӣ аст, асрҳои VI - VIII). Муҷассама дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст.
Ин бозёфти нодир дар соли 1966 утоқи рақами 23 (рақам шартӣ аст) аз ёдгории Аҷинатеппа пайдо шудааст. Дарозии муҷассама 12.92 метрро ташкил медиҳад, баландиаш 2.5 метр.
Бостоншиноси Тоҷикистон Борис Анатолевич Литвинский доир ба таҳқиқи дайри буддоии Аҷинатеппа асарҳо иншо намудааст.
Бостоншиносон ва тармимгарон муҷассамаро ба 92 қисм ҷудо карда ба Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон оварданд. Солиёни зиёд дар анбори ин Пажӯҳишгоҳ нигоҳ дошта мешуд. Соли 2001 ба шарофати 10-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, муҷассамаро барқарор намуда дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ба намоиш гузоштанд. Феълан як нусхаи айнани ин муҷассама дар яке осорхонаҳои шаҳри Аичии Ҷопон гузошта шудааст. Нусхаи дигар дар бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Дайри буддоии Аҷинатеппа ва муҷассамаи Буддо дар ҳолати нирвана ба феҳристи Ёдгориҳои таъриху фарҳангии Тоҷикистон дохил карда шудаанд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>