Дар соли 1999 дар майдони Дӯстӣ дар (собиқ майдони ба номи Ленин ва "Озодӣ"), дар қисми марказии ноҳияи маъмурии Исмоили Сомонии ш. Душанбе, ба муносибати таҷлили 1100 - солагии ҷашни давлати Сомониён - аввалин давлати тоҷикон, "Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон" ва муҷассамаи амири аввалини давлати тоҷикон (Давлати Сомониён) — Исмоили Сомонӣ сохта шуд. Майдон соҳиби номи нав - майдони"Дӯстӣ" гардид.
Баландии муҷассамаи Исмоили Сомонӣ - 13 метр аст ва он аз фулузоти биринҷӣ сохта шудааст. Муҷтамаи бошукуҳро Арки бузург аз сталактит, дар болои он тоҷи тиллоӣ (диаметраш 5 метр) оро медиҳад. Баландии иншоот аз сатҳи майдон 43 м аст. Дар дохили он осорхона ва нусхаи мақбараи Сомониён (асри IX—X дар ш. Бухоро) низ сохта шудааст. Аз ду ҷониби муҷассамаи Исмоили Сомонӣ тасвири шерҳои биринҷӣ, рамзи устувории давлат ва кафили сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар гузошта шудаанд. Муҷтамаи ёдгории дар майдони "Дӯстӣ" бунёдгардида соли 1999 ба муносибати таҷлили 1100 солагии Давлати Сомониён номи "Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон"-ро гирифтааст.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>