Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боғи Ғалаба

962

Боғи Ғалаба соли 1975 ба муносибати 40-солагии Ғалаба бар Олмони фашистӣ бунёд гардидааст (меъморон Б.А.Зуҳурдинов, А.М.Шербинин, ҳайкалтарош Д.Б.Рябичев). Тибқи нақшаи асосии шаҳри Душанбе барои маҷмааи ёдгории «Модар-Ватан» (дар ҳуҷҷатҳо ҳамин тавр номида шудааст) дар қисми шимолу шарқии шаҳри Душанбе минтақаи калон ҷудо карда шудааст, ки дар теппаҳои он бешабоғ ҷойгир аст. Даромадгоҳи асосии боғ ба сӯи ёдгориҳо аз кӯчаи «Дӯстии Халқҳо» сар шуда, ба воситаи кӯчабоғи зинапоядори сайругаштӣ ба маркази боғ — майдони намоиш ва оташи абадӣ мерасад. Барои осонтар ба болои теппа баромадан роҳи симтанобии овеза сохта шудааст. Сохтмони Боғи Ғалаба ҳоло пурра анҷом наёфтааст. Масалан, дар лоиҳа сохтмони Майдони андӯҳ бо оташи абадӣ, Гулгашти қаҳрамонон бо тасвирҳои муқарнасӣ ва муҷассамаи «Модар-Ватан» пешбинӣ шудааст, лекин муҷассама то ҳол бунёд нагардидааст. Тамоми ансамбл бо нуқтаҳои радио таъмин буда, силсилаи ҳавзҳо онро пурра мекунад. Ба композитсияи умумии маҷмаа зинапояҳо, суффачаҳо, майдончаҳои назоратӣ, сабзазорҳо, буттаҳои ороишӣ, силсилаи ҳавзҳо ва дигар унсурҳои ободонӣ дохил мешаванд. Муаллифон маҷмааро дар ҷойи ноҳамвор чунон моҳирона эҷод кардаанд, ки тамоми маҷмаа аз тарафи шаҳр, кӯчаҳо, майдонҳову минтақаҳои алоҳидаи он хеле хуб дида мешавад. Меъморон ҳангоми кашидани лоиҳа нақшаи аниқи ҳаракати тамошобинонро фикр кардаанд. Шахс ҳангоми ҳаракат қаҳрамониҳои падарону бобоёнро, ки барои ояндаи насли наврас ҷонашонро қурбон кардаанд, дарк менамояд. Тамошобинон бо зинапоя аз Майдони андӯҳ гузашта, ба майдончаи назоратӣ мерасанд, ки аз он ҷо Гулгашти қаҳрамонон (60 Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ) ибтидо меёбад. Аз хатти намо қад-қади майдонча ва зинапоя тахтасангҳои болои қабр бо нақшҳои муқарнасӣ гузошта шудаанд. Болотар аз он майдончаи меҳмонон воқеъ аст, ки дар девори мармариаш ба шарафи ҷанговарон ба ҳарфҳои зарҳалӣ «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» навишта шудааст. Дар маҷмаа маводи ороишӣ — сангҳои табиии гуногунҷинс, мармар, тахтаҳои оҳану бетонӣ, филиз ва ғ. истифода шудаанд. Маҷмааи Боғи Ғалаба бо зебоии меъморӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст ва дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон саҳми арзанда дорад.
Дар ин ҷо ҳар сол 9 май намоиши паради ҳарбӣ баргузор мешавад, наваскарон қасами ҳарбӣ ёд мекунанд ва навхонадорон барои сайру тамошо ба ин боғ меоянд. Боғи Ғалаба ҷойи дӯстдоштаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи он мебошад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика