Дар Тоҷикистон ҷойҳои тамошобоб зиёданд, ки дар баробари ҳамаи ин, боз ҳамчун бозёфтҳои нодир ва шоҳкориҳои табиат унвон мешаванд, ки ба мо, миллати худодод, эҳдо гардидаанд. Кӯҳи Хоҷамуъмин аз ҷумлаи ҳамин гуна маконҳост, ки дар назари аввал ҳамчун кӯҳи одӣ менамояд, вале дар асл яке аз гунбазҳои калонтарини намакини ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Кӯҳи намак ва чашмаҳои оби мусаффои Хоҷамуъмин яке аз боигариҳои табиии сарзаминамон ба ҳисоб мераванд. Кӯҳ аз сатҳи баҳр дар баландии 1338 метр воқеъ гардида, баландиаш беш аз як километр аст. Он аз намаксанги сафеди сабзгун ё бунафшбоб иборат буда, сатҳи болоиашро ҷинсҳои кӯҳии гаҷмонанд ва қабати гилин пӯшонда, ки дар натиҷаи вазиши боди афғонӣ тӯли садсолаҳо ба вуҷуд омадаанд.
Коршиносон захираи намаки кӯҳи Хоҷамуъминро 50 миллиард тонна арзёбӣ намудаанд, ки ба таъкиди онҳо, ин миқдор барои таъмини тамоми сайёра бо намак давоми сад сол басанда аст. Дар сатҳи кӯҳ буттаҳои писта, дулона, настаран, зарранг ва дигар гиёҳҳо мерӯянд. Аҷиб он аст, ки ин намуди рустаниҳо ҳатто миқдори ками намакро дар замин намепазиранд. Ба андешаи коршиносон, қабати гилини кӯҳ тунук аст, вале барои нашъунамои рустаниҳо кофист. Ғайр аз ин, дар қуллаҳои кӯҳи намакин аз мағораҳо чашмаҳои сершумор ҷӯш зада, ҷорӣ мешаванд. Миқдори онҳо дар атрофи кӯҳ қариб 160-то буда, чашмаҳои доимӣ наздик ба 30-то мерасанд. Оби чашмаҳо метавонанд асоси бунёди муҷтамаҳои муолиҷавӣ дар ин мавзеъ гарданд. Алҳол дар он ҷо чандин коргоҳҳои коркарди намак фаъолият дошта, намаки хушсифат истеҳсол менамоянд.
Кӯҳи намаки Хоҷамуъмин яке аз ёдгориҳои барҷастаи геологии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин мавзеъ барои омӯзиш макони бозёфтҳои нодир буда, бунёди муҷтамаҳои муолиҷавӣ ва ташкили сайругашти сайёҳон метавонад ҳам шуҳрати онро афзун намояд ва ҳам ба рушди иқтисодиёти кишвар саҳм гузорад.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» №37(489) аз 13-09-2018 сол
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>