Сайёҳӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши арзанда бозида, ба соҳаҳои асосии иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад.
Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон бо табиати биҳиштосои афсонавӣ, дашту саҳро, дараю водиҳо, кӯҳҳои осмонбӯс ва боғҳои дилрабо дар тамоми дунё машҳур гаштааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани мероси бойи таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла Саразм, Қалъаҳои Ҳисору Муғ ва садҳо захираҳои нотакрори табиию фароғатӣ барои эҳё ва рушди минбаъдаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат шароити мусоид фароҳам меорад. Тибқи баҳогузории коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии сайёҳӣ, бартарии рақобатнокии Тоҷикистон дар фарҳанги нодир (саёҳати фарҳангию маърифатӣ), иқтидори бойи табиӣ (сайёҳӣ-экологӣ), фаъолнокии корӣ (саёҳати корӣ), инчунин имкониятҳои машғулият бо намудҳои фаъоли истироҳат, ба мисли сайёҳии варзишӣ ва экстремалӣ мебошад.
Айни замон дар ҷумҳурӣ иншооти зиёди фаъолияти сайёҳӣ, аз ҷумла базаҳои сайёҳӣ, муассисаҳои санаторию курортӣ ва меҳмонхонаҳо, ҳамчунин муассисаҳои варзишию солимгардонӣ, корхонаҳои махсусгардонидашудаи савдо, боғҳою мамнуъгоҳҳо, корхонаҳои нақлиётӣ, тарабхонаҳо, агентию намояндагиҳои таблиғотӣ мавҷуданд, ки дар маҷмӯъ ҳамаи онҳо вазъи имрӯзаи сайёҳиро дар ҷумҳурӣ инъикос мекунанд.
Бо назардошти шароиту имкониятҳои мавҷуда имрӯз дар Тоҷикистон сиёсати миллии сайёҳӣ дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон таъкид намуданд: «Кишвари мо дорои имконияти васеъ аз ҷиҳати минтақаҳои сайёҳӣ буда, истифодаи самараноки он боиси болоравии сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ хоҳад шуд. Бо истифода аз табиати зебою чашмаҳои беҳисоби шифоӣ, кӯҳҳои сарбафалаку маконҳои таърихии диққатҷалбкунанда ва зиёратгоҳҳои кишварамон ин соҳаро бемайлон рушд диҳем ва онро ба соҳаи сердаромаду манфиатнок табдил дода, ба нафъи кишвару халқамон босамар истифода барем».
Хизматҳои шоёни Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ободонию созандагӣ, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ, кушодани роҳу нақбҳо, ғанӣ гардонидани маънавиёти ҷомеа ва баланд бардоштани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар баробари ин, Пешвои миллат бо пешниҳоду ташаббусҳояшон дар арсаи байналмилалӣ мақоми хосса дошта, ин маҳбубият на танҳо боиси боварию эътимоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст. Мавриди тазаккур аст, ки маҳз бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Пешвои маҳбуби миллат, дар заминаи сиёсати «Дарҳои боз» Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ гашта, барои ворид шудани соҳаи мазкур ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шудаанд.
«Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда набуд. Дар баробари ин “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди имкон муаррифӣ шуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.
Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.
Барои рушди соҳаи сайёҳӣ на танҳо соҳибкорон, балки бояд ҳар як шаҳрванди кишвар саҳми худро гузорад. Мо, ҷавонон, ки пешоҳангони ояндаи ин миллати таърихӣ ҳастем, якҷо бо халқи шарифу сарбаландамон имсол ва солҳои минбаъда низ ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон ҷаҳду талоши бештар карда, Тоҷикистони азизамонро дар арсаи олам ба таври сазовор муаррифӣ менамоем.
Ф.Муродов, И.Амиршоев, курсантони факултети №2 Академияи ВКД.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>