Иншооти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Чилдухтарон” бо тарҳу намои муосир ва бо риояи меъёрҳои пазируфташудаи сохтмонӣ дар муҳлати як сол бунёд гардида, дар он 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Дар дохили маҷмааи сайёҳии “Чилдухтарон” меҳмонхонаи панҷошёнаи “Чилдухтарон” дорои шароитҳои муосири хизматрасонӣ бунёд шудааст, ки дар як вақт имкони қабули сад нафарро дорад. Ҳуҷраҳои меҳмонхонаи нав, ки дар қалби кӯҳ сохта шудаанд, дар шаклҳои мухталиф бунёд гардида, хизматрасонӣ дар онҳо мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки рушди инфрасохтори ноҳия ва ба талаботи сайёҳӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо, барои ҷалби бештари сайёҳон ба ин минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ноҳияи Мӯъминобод дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, барои рушди туризми кӯҳӣ, варзишӣ, этнографӣ ва экологӣ мувофиқ мебошад. Минтақаҳои “Чилдухтарон” ва “Чашмаи ҷӯшон” барои тамошои сайёҳони дохилию хориҷӣ ҷолиби диққат аст.
Дар ҳамин мавзеъ ширкати “Меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Чилдухтарон” ҷиҳати тарғиби суннату анъанаҳои миллӣ, дар шафати меҳмонхона барои қабули сайёҳон бо усули хоси меъмории миллӣ хонаҳои гуногун бунёд кардааст. Дар ин хонаҳо, ки барои будубоши сайёҳони дохиливу хориҷӣ пешбинӣ гардидааст, ҳамаи шароит фароҳам аст.
Дар маҷмуъ бо иловаи ба истифода додани ин хонаҳо, дар мавзеи Чилдухтарон барои қабули 150 сайёҳ имконияти сатҳи баланди пазироӣ фароҳам оварда шуд.
Мавзеи Чилдухтарон бо табиати зебою назаррабо, марғзору ҷангалзор ва чашмаҳои мусаффояш қалби сайёҳонро тасхир намудааст. Ин мавзеи зеборо ҳазорҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ орзуи дидан доранд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>